Вазифагузориҳои нав дар назди кормандони матбуоти даврии вилоят

Дар толори китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти нашрияҳо, маҷаллаҳои вилоятӣ ва матбааи вилоят дар 9 моҳи соли 2019 баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ифтитоҳ бахшида, гузориши сармуҳаррирони нашрияҳои “Хатлон” А. Сафарова, “Дӯстлик” Т. Темиров, “Новый Хатлон” З. Ғоибова, маҷаллаҳои “Сафо” Л. Чориева, “Меҳровар” Ш. Отаева, роҳбари матбааи вилоятӣ С. Сайфуллоевро шунид.

Қайд гардид, ки тайи 9 моҳи соли ҷорӣ нашрияи “Хатлон” 40 шумора ба табъ расида, дар умум зиёда аз 1400 матлабро дар қолаби жанрҳои гуногун пешниҳоди хонанда кардааст. Теъдоди нашри як шумораи он 8500 нусхаро ташкил медиҳад, ки ба 377 сокини вилоят як нусха рост меояд.

Муовини раиси вилоят М. Хидирзода теъдоди нашр ва даврияти чопи “Хатлон”-ро нокофӣ хонда, барои тадбирандешӣ ҷиҳати ҳафтае ду бор ба табъ расидани нашрия дастур дод.

Ба масъулони нашрияҳои дигари вилоятӣ низ супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби мутахассисони ҷавон ба кори редаксияҳо, тарбияи кадрҳои шоиста, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, афзоиш додани теъдоди нашр, фарогирии рӯйдодҳои тамоми шаҳру навоҳии вилоят, саривақт то ба хонанда дастрас шудани нашрия, беҳтар кардани сифати маводи журналистӣ, таҳияи матолиби таҳлилӣ, таъсиси сомонаҳои интернетӣ чора андешанд.

Сармуҳаррири маҷаллаи “Меҳровар” вазифадор гардид, ки барои аз моҳи январи соли оянда ҳар моҳ мунтазам ба табъ расидани маҷалла аз ҳоло омодагӣ бинад.

- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти худ бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ 20 феврали соли 2019 таъкид карда буданд, ки дар замони муосир ва раванди босуръату зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои олам, намояндагони васоити ахбори оммаро зарур аст барои ба мардум ба таври фаврӣ расондани рӯйдоду воқеаҳо фаъол бошанд, зикр намуд Махфират Хидирзода. - Бо истифода аз тамоми шароити моддию техникӣ ва неруи зеҳнӣ бо таҳияи матолиби ҳадафрас бинанда, хонанда ва шунавандаи худро аз вазъи ҷаҳон огоҳ созанд. Ба хотири ҳифзи амну субот ва ваҳдату ягонагии мардум, инчунин эмин нигоҳ доштан аз таъсири манфии беруна, матлабҳои нишонрас таҳия карда шавад.

Муовини раиси вилоят инчунин бо ёдоварӣ аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 4 октябри соли ҷорӣ зикр намуд, ки дар равону шево гардидани забони тоҷикӣ, баланд бардоштани сатҳу завқи забондонии мардум ва пешгирӣ кардани ғалатгӯиву ғалатнависӣ нақши воситаҳои ахбори умум бисёр муҳим аст.

Роҳбари давлат эрод гирифтанд, ки дар маводи чопии баъзе рӯзномаву маҷаллаҳо қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳоло ҳам риоя намешаванд. Дар ҳоле ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио дар тарғиби забони ноби тоҷикӣ ва вусъати доираи истифодаи он саҳми арзишманд дошта метавонанд, дар аксар маврид ба одитарин тобишҳои забони давлатӣ эътибор намедиҳанд.

Махфират Хидирзода изҳори итминон кард, ки маъмурият ва кормандони матбуоти даврии вилоят ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтар кардани сатҳу сифати матолиби чопӣ ва баланд бардоштани дараҷаи касбияти ҳайати эҷодиву техникӣ тадбирандешӣ хоҳанд кард.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.