Тақдими 30 ҳазор сомонӣ Ҷоизаи раиси вилоят ба соҳибони аттестати аъло

Бори аввал дар ҳафт соли охир дар вилояти Хатлон 3 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Муъминобод ба аттестати аълои равиявӣ ва медали тилло сарфароз гардиданд.

Бо қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои дастовардҳои шоён дар таҳсил ва бо аттестати аълои равиявӣ (аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ) ва медали тилло хатм кардани муассисаи таълимӣ дар соли 2019 ба хатмкардагони литсейи давлатии №1-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Фурқат Давлатмуродзода, гимназияи давлатии "Боғи Ҳабиб"-и ноҳияи Муъминобод Аниса Сатторова ва Рамзия Саъдуллоева мукофоти пулӣ ба андозаи 10 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 30 ҳазор сомонӣ, тақдим гардид. Ин ҷоизаҳои пулиро ба соҳибонашон муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода дар вазъи тантанавӣ супорид.

Инчунин, директорони литсейи давлатии №1-и ноҳияи Ҳамадонӣ Абдулҳафиз Мисралиев ва гимназияи давлатии “Боғи Ҳабиб”-и ноҳияи Муъминобод Ҳабиб Қурбонов бо мукофоти ҳавасмандсозӣ ба маблағи се ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 4 сентябри соли 2019, №245, минбаъд ҳар сол ба кормандони соҳаи маориф, ки 5 соли охир дар муассисаҳои соҳаи маориф ва таҳсилоти умумии вилоят фаъолият намуда, ба дараҷаҳои илмии доктори илм ва номзади илмҳо сазовор мегарданд, мукофотпулӣ дода хоҳад шуд.

Ҳаҷми мукофотпулӣ барои дифои рисолаи номзадӣ 5 ҳазор сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 10 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.