Шумораи меҳмонхонаҳо дар Хатлон тайи се соли охир 40 адад афзудааст (ВИДЕО)

Махфират Хидирзода

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ, ки ҳамасола 27 сентябр таҷлил мешавад, имрӯз дар “Кохи Ватан”-и шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Марҳамат ба Хатлон” доир гардид.

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи байналмилалии туризм дар Бохтар (ВИДЕО)

Қабл аз ифтитоҳи ҳамоиш муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода аз Маркази навбунёди иттилоотӣ барои сайёҳон, ки дар шафати бинои театри вилоятии лӯхтаки шаҳри Бохтар қарор дорад, дидан намуд. Маркази мазкур бо мақсади муаррифии имкониятҳои туристии вилояти Хатлон, пешниҳоди хатсайрҳои сайёҳӣ ва маълумоти дигари ҷолиб оид ба мавзеъҳои диданибоби вилоят таъсис дода шудааст.

Сипас, муовини раиси вилоят М. Хидирзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳои миллӣ, ки дар долони “Кохи Ватан” ороста шуда буд, дидан кард.

Зимни сухани ифтитоҳии худ дар конференияи вилоятӣ Махфират Хидирзода зикр кард, ки инак, 40 сол боз Рӯзи байналмилалии туризм таҳти шиорҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад. Дар замони муосир соҳаи сайёҳӣ яке аз бахшҳои муҳимми иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маҳсуб ёфта, ба рушди бемайлони иқтисодиёти мамлакатҳо ва равобити судманди байни мардумони кишварҳои мухталиф мусоидат менамояд. Вобаста ба ин ва бо дарназардошти захираҳои бойи табиӣ ва таърихию фарҳангии кишварамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар заминаҳои зарурии меъёрӣ-ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод мебошанд.

- Дар соли 2018 беш аз 218 ҳазор сайёҳ, аз ҷумла қариб 7300 сайёҳи хориҷӣ аз 28 давлати дунё ба тамошои мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилоятамон омадаанд, - идома дод Махфират Хидирзода. – Ҳоло шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 13 адад (нисбат ба соли 2017-ум 9 адад зиёд), меҳмонхонаҳо ба 97 адад (нисбат ба соли 2017-ум 40 адад зиёд), мавзеъҳои сайёҳӣ 90 адад (нисбат ба соли 2017-ум 30 адад зиёд), истироҳатгоҳу осоишгоҳ 36 адад (нисбат ба соли 2017-ум 9 адад зиёд), осорхонаҳо ба 36 адад (нисбат ба соли 2017-ум 5 адад зиёд), ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, монументалӣ, меъморӣ ва зиёратӣ 795 адад (нисбат ба соли 2017-ум 214 адад зиёд), банкоматҳои хизматрасонии бонкӣ 236 адад (нисбат ба соли 2017-ум 42 адад зиёд), гестҳауз ва ҳомстей ба 53 адад (нисбат ба соли 2017-ум 43 адад зиёд), мағозаи фурӯши армуғонҳо 76 адад (нисбат ба соли 2017-ум 72 адад зиёд), боғҳои фарҳангию фароғатӣ ба 29 адад (нисбат ба соли 2017-ум 7 адад зиёд) расидааст.

Ба иттилои Дилшод Шоев, сармутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои сайёҳии вилоят 15 маркази иттилоотии сайёҳӣ ташкил карда шуда, 70 намуд буклетҳо бо забонҳои тоҷикию англисӣ дар бораи шаҳру ноҳияҳо ва мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва зиёратии шаҳру ноҳияҳо омода гардидааст. “Айни замон сомонаи алоҳидаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо суроғаи sayohikhatlon.tj бо се забон омода гардида, маълумоти пурраи шаҳру ноҳияҳо дар сомона ҷойгир карда шудааст”, - афзуд Д. Шоев.

Дар конференсияи вилоятӣ инчунин раиси ташкилоти ҷамъиятии «Наргис» Собир Раҳимов, директори ташкилоти ҷамъиятии «Томирис» Раъно Ҷумъаева, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав Эмомалӣ Набиев дар мавзӯи “Заминаҳои қонунгузории сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар”, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав Абдуғаффор Неъматов дар мавзӯи “Захираҳои рекреатсионии водии Вахш”, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав Самандар Раҷабализода дар мавзӯи “Тоҷикистон – ватани сайёҳӣ” маърӯза карданд.

Дар поёни конференсия аз ҷониби муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ба як қатор фаъолони соҳа, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ, инчунин мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Леваккант ва ноҳияи Ховалинг Сипосномаи мақомоти ииҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим гардид.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.