Ҷаласаи Шӯрои мутобиқсозии методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо иштироки раиси вилоят (ВИДЕО)

Раиси вилояти Хатлон

Имрӯз, 26 сентябр, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи навбатии Шӯрои мутобиқсозии методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид.

Иштироки Қурбон Ҳакимзода дар ҷаласаи Шӯрои мутобиқсозии методӣ (ВИДЕО)

Дар кори Шӯро роҳбарияти шаҳри Бохтар, масъулони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва фаъолони шаҳри Бохтар ширкат доштанд.

Зимни маърӯзаи худ аз рӯйи масъалаи якуми кори ҷаласа сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар Набиҷон Исозода гуфт, ки давоми соли ҷорӣ дар шаҳр 239 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки бештари онҳоро дуздӣ, қаллобӣ ва авбошӣ ташкил медиҳанд. Рух додани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои шаҳр масъалаи ташвишовар боқӣ мемонад. Аксари ин садамаҳо бинобар хуб надонистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва таҷрибаи кофӣ надоштани ронандагон ба вуқӯъ мепайванданд. Зикр гардид, ки дар натиҷаи фаъолияти муташаккилонаи кормандони ВКД қонуншиканиҳо, аз ҷумла содиршавии амалҳои номатлуб, кирдорҳои коррупсионӣ коҳиш ёфтааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода доир ба масъалаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, баргардонидани ҷавонон аз хориҷи кишвар, омилҳои солиршавии ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дигар масоили ҳалталаб пурсиш кард.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Заррина Тӯрахонова зимни маърӯзааш доир ба иштироки фаъолона ва самарабахши бонувон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, пешбурди кори соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ ва хизматрасонии бонкӣ сухан гуфт. Ҳамзамон зикр шуд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз тақдил ба фарҳанги бегона, пошхӯрии оилаҳо, чораҷӯии дастаҷамъона мебояд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода доир ба муайян намудани шумораи занони қобили меҳнат, теъдоди бонувоне, ки бекоранд, ба шуғл фаро гирифтани занон, монеа шудани волидайн ба таҳсили духтарон, саҳми занон дар тозаю озода кардани муҳити зист, пешгирии зӯроварӣ дар оила дар назди масъулони шаҳрдории Бохтар масъалагузорӣ намуд.

Роҳбари вилоят инчунин доир ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои зиёди марбут ба вазъи санитарию эпидемиологӣ, пешгирии густариши бемориҳои сироятӣ, аз муомилот берун овардани молу маводи муҳлаташон гузашта, ба табобат фаро гирифтани беморони нашъамандӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар поёни ҷаласа раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз ғамхориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, доир ба тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, чароғон кардани кӯчаю маҳаллаҳои маркази маъмурии вилоят, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, тадбирандешии иловагӣ барои бо кори доимӣ таъмин намудани занон ва ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ дар назди масъулон вазифа гузошт.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.