Ҳайати вилояти Хатлон дар форуми байналмилалии тиҷоратии «Open South International Business Forum II» ширкат варзид

Раҷабалӣ Раҷабов дар Сурхондарё

Бо мақсади иштирок дар ҳамоиши байналмилалии тиҷоратии «Open South International Business Forum II» ҳайати вилояти Хатлон бо раҳбарии муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вилоят Қурбоналӣ Қурбонов, сарвари Палатаи савдо ва саноати вилоят Сайфиддин Сафарзода ва намояндагони ВАО ба шаҳри Термизи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон сафар дошт.

Дар кори ҳамоиш беш аз 300 намояндаи доираҳои тиҷоратӣ аз 20 кишвари олам ширкат варзиданд. Муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов зимни баромади худ дар ин форум зарфиятҳои инвеститсионии вилоятамонро, ки бо вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст, муаррифӣ намуд. Қайд гардид, ки соҳибкорони Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, дар чунин ҳамоишҳо дар Ӯзбекистон фаъолона ширкат меварзанд ва доираҳои тиҷоратии ӯзбек низ меҳмонони доимии чорабиниҳои моянд.

- Имрӯз Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самтҳои мухталиф ҳамкориҳои судмандеро роҳандозӣ намуда, ширкатҳои муштарак таъсис додаанд, - зикр кард Р. Раҷабов. – Дар миёни кишварҳои мо имконияти ҳанӯз ҳам истифоданашудаи бисёре барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавҷуд аст. Афзоиши ҳамасолаи ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон далели ҳамкориҳои муваффақонаи ду кишвар мебошад.

Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ инчунин имкониятҳои иқтисодию сайёҳии Тоҷикистон ҳам васеъ муаррифӣ гардиданд.

Иштирокдорони форум аз мавзеъҳои таърихии Термиз дидан намуда, бо анъана ва ҳунарҳои мардумии он шинос шуданд.

- Чунин ҳамоишҳо барои таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона ва барои ҳар ду тараф фоидабахши соҳибкорони тоҷику ӯзбек, инчунин ҷиҳати рушди бештари ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои нав мусоидат мекунанд, - афзуд муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов.

Дар доираи ҳамоиш миёни соҳибкорони вилоятҳои Хатлону Сурхондарё якчанд вохӯрӣ дар формати В2В ташкил гардид, ки дар натиҷа созишномаҳои дуҷониба баста шуд.  

Дар ҳамоиши байналмилалӣ инчунин ҶДММ “Мавлуда”-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва ҶДММ “Чароғон текстил”-и вилояти Сурхондарё ба маблағи 50 ҳазор доллари амрикоӣ шартномаи ҳамкорӣ бастанд. Қарор аст, ки дар чаҳорчӯбаи ин созишнома занону духтарони тоҷик дар корхонаи дӯзандагии Сурхондарё таҷрибаомӯзӣ намоянд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.