ПАХТАКОРОНИ ЛЕВАКАНТ ПЕШСАФИ МУСОБИҚАИ МЕҲНАТИИ 15-РӮЗАИ ДУВУМАНД

60 РӮЗИ МЕҲНАТИ ЗАРБДОР

Пахтакорони 11 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2019-ро аз ҳисоби миёнаи вилоят бештар таъмин намудаанд. Хоҷагиҳои пахтакори 5 шаҳру ноҳия бошад, дурнамои солонаро беш аз 50 дарсад иҷро кардаанд.

Тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, ба ҳолати 23 сентябри соли ҷорӣ заркорони Левакант 69,7%, Бохтар 67,2% ва Шаҳритус 65,4%-и дурнамои солонаро иҷро карда, аз аввали мавсим мутаносибан 1610, 698 ва 11950 тонна ҳосили пахтаро ғун намуданд.

Инчунин дирӯз заркорони навоҳии Фархору Хуросон низ бо рӯҳияи баланд аз эълони мусобиқаи «60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор», аз иҷрои беш аз 50 дарсади дурнамои ҷамъоварии ҳосили «тиллои сафед» мужда доданд.

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16 ноябр мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта идома намуда, ҳар ним моҳ ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад шуд.

Рӯзи гузашта дар ноҳияи Дӯстӣ 620 тонна, дар Фархор 550 ва Кӯшониён 506 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ шудааст.

Мутаассифона, нишондиҳандаи шаҳру навоҳии Кӯлоб (16,2%), Вахш (18,2%), Данғара (34,5%), Восеъ (37,4%), А. Ҷомӣ (37,8%), Ёвон (42,2%) ва Ҷайҳун (42,8%) аз ҳисоби миёнаи вилоят поинтар аст.

То рӯзи 23 сентябр дар вилоят 118079 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 47318 тонна бештар аст. Кишоварзони вилоят ният доранд, ки дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

 

Шаҳру ноҳияҳо

Фоизи иҷро

Дар 1 рӯз

Аз аввали мавсим

1

Левакант

4,3

69,7

2

Бохтар

2,9

67,2

3

Шаҳритус

2,5

65,4

4

Фархор

2,5

52,5

5

Хуросон

2,2

50,8

6

Дӯстӣ

3,9

47,8

7

Н. Хусрав

2,0

47,6

8

Ҷ. Балхӣ

2,0

47,1

9

Кӯшониён

2,0

47,1

10

Ҳамадонӣ

2,0

45,4

11

Қубодиён

1,9

45,3

12

Панҷ

1,2

42,9

13

Ҷайҳун

2,1

42,8

14

Ёвон

1,5

42,2

15

А. Ҷомӣ

1,6

37,8

16

Восеъ

3,0

37,4

17

Данғара

1,9

34,5

18

Вахш

0,9

18,2

19

Кӯлоб

1,5

16,2

Дар вилоят

2,1

42,9

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.