МУМФАРШКУНИИ БЕШ АЗ 6 КИЛОМЕТР РОҲ ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ

Дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдасти мамлакат корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бомаром идома доранд. Дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии беш аз 6 километр роҳ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардидааст.

Соҳибкор Абдулмуъмин Қурбонов иброз дошт, ки аз ин роҳ 23 ҳазор аҳолӣ истифода мебаранд, ки дар 8 деҳаи ҷамоат зиндагӣ мекунанд. Аз сабаби таҷдиди сохтори хоҷагии қишлоқ ва дар заминаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ташкил намудани хоҷагиҳои хурди деҳқонию инфиродӣ қисмати зиёди роҳҳо бесоҳиб монда, дар ҳолати бад қарор доштанд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки барои беҳбудӣ бахшидан ба хоҷагии халқ роҳро мумфарш кунем. Эмомалӣ Азимов раиси ҷамоати мазкур дар робита ба ин гуфт, ки соҳибкорон баъди тахту ҳамворкунии роҳ, ки бо кӯмаки сокинони ҷамоат анҷом додаанд барои бо сифати баланд мумфаршкунии роҳ ширкати роҳсозии «Идеал-сервис»-и шаҳри Душанберо ҷалб кардаанд.

Ба гуфти мутахассиси роҳсоз Раҳматулло Шарифов роҳи мазкур маҳаллӣ буда, ба категорияи 4-ум дохил мешавад. Роҳсозон мақсад доранд 6 километру 300 метр роҳро то ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд сохта ба истифода диҳанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.