ДАР БАЛҶУВОН СОҲАИ САЙЁҲӢ РУШД МЕКУНАД

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад ва аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ин ҳисоб ба буҷаи кишварашон миллионҳо маблағ меоранд ва ҳамзамон аз таъриху маданият ва фарҳанги мардуми кишварашон ба сайёҳон иттилоъ медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди соҳибистиқлол гардидани мамлакат ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри истифодаи имкониятҳои мавҷуда чораҷӯӣ дорад. Ба иттилои масъулон танҳо соли ҷорӣ дар ноҳияи Балҷувон нисбат ба соли гузашта шумораи сайёҳон як баробар афзоиш ёфтааст ва барои рушди ин соҳа инфрасохтору дигар шароитҳо муҳайё гардонида мешаванд.

Ноҳияи Балҷавон чун дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ободу зебо гардида, даҳҳо иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки сокинони ноҳия бо ҷойи кор ва шуғли доимӣ таъмин гардидаанд. Дар ин ноҳия ба рушди соҳаи сайёҳӣ аҳамияти хоса зоҳир мегардад, зеро табиати нотакрор ва мавзеҳои таърихии он диққати сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Дар бунёду азнавсозӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои сайёҳон соҳибкорони маҳаллӣ саҳми хешро мегузоранд.

Азизулло Талбов мудири бахши фарҳанги ноҳия иброз дошт, ки дар ноҳия ширкатҳои сайёҳӣ ташкил гардида, хатсайрҳои сайёҳиро тартиб додаанд. Дар ин ноҳия сайёҳии кӯҳнавардӣ, шикорӣ, экологӣ, табобатӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро ба ноҳия зиёд кардаанд.

Бо ҳамин мақсад дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосор ва дигар мавзеҳои ноҳия шароити мусоид барои қабули сайёҳон ташкил гардида истодааст.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.