МУЛОҚОТИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БО ДАН ЗАН

Имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо намояндаи Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии халқии Чин Дан Зан ва ҳамроҳонаш доир гардид.

Дар вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қайд карда шуд, ки дар доираи ёддошти тафоҳуме, ки байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ширкати мазкур амал менамояд шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Восеъ, Фархор, Шаҳритуз ва Ҷ. Балхӣ марказҳои ташхисию табобатӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо муосиртарин дастгоҳҳо муҷҷаҳаз гардонида, ба ин марказҳо мутахассисони соҳибтахассус ҷалб мегарданд.

Намояндаи Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии халқии Чин Дан Зан зимни баромади худ, барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дастгирии ҳамешагӣ изҳори сипос намуда, қайд намуданд, ки омодаанд ин марказҳоро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монанд. Ва барои таъмин намудани марказҳои ташхисию табобатӣ мутахассисони маҳалиро омода намоянд.

Сипас, раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати ҳамкориҳои бештар изҳори умедворӣ намуда, иброз намуданд, ки дар баробари фаъолияти хуби ширкати мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон омодааст дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷудо намудани маконҳои муносиб барои сохта ва ба истифода додани марказҳои ташхисию табобатӣ мусоидат намояд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.