ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ

7 августи соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг, нимаи дуюми рӯз бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, Раисони Кумитаҳо, муовинони раиси вилояти Хатлон ва дигар фаъолони ноҳияи Ховалинг якқатор иншоотҳои ҷашнӣ ба истифода дода шуд.

Аз ҷумла бинои 5 ошёна, ки аз тарафи соҳибкор Ваҳобов Шарифхуҷа сохта шудааст, дар ошёнаи якуми он мағоза, ошхона, сехи дӯзандагӣ дар дуюм ошёна меҳмонхона ва боқимонда хонаи истиқоматӣ мебошад.

Тибқи иттилои масъулин бо ба истифода додани ин иншоот 10 нафар сокинони маҳал бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар канори он Маркази савдои «Сафариён», ки аз тарафи соҳибкор Сафаров Муҳаммадалӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Марказ аз 4 ошёна иборат буда, дар қабати якуми он мағозаи хӯрокворӣ, кошонаи ҳусн ҷойгир шудааст ва боқимонда хонаи истиқоматӣ мебошад.

Баъди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маркази хизматрасонӣ 11 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд.

Ба ҳамин монанд худи ҳамин рӯз як толори гуштингирӣ, мактаби санъати бачагона, мумфарш намудани роҳҳои аҳамияти маҳалидошта ва даҳҳо иншооти дигар сохташуда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки симои ноҳияи Ховалингро ба кулли дигаргун намудаанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.