КӮМАКҲОИ ХАЙРИЯВӢ БА МАБЛАҒИ 6,5 ҲАЗОР СОМОНӢ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ НОҲИЯИ ЁВОН

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмиоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон маводҳои доруворию гигиенӣ дастрас намуд.

Чуноне, ки аз маркази матбуотии Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи қарори раиси вилояти Хатлон бобати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеъа кӯмакҳои хайриявӣ аз қабили маводҳои доруворӣ, маводҳои гигиенӣ ба маблағи 6,5 ҳазор сомонӣ ба мактаб-интернати номурда супорида шуд.

Бояд гуфт, ки роҳбарияти Сарраёсати номбурда дар арафаи иди ҷашнҳои миллию давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорони соҳаи фармасевтии вилоят даст ба корҳои хайриявӣ зада ба ниёзмандон кӯмакҳои гуногун мерасонанд. Масъулини сарраёсат кӯшиш мекунанд сиёсати иҷтимоии роҳбарияти кишварро сармашқи кори худ карда, кӯмаки хешро ба ниёзмандон дареғ надорад.

Ёдовар мешавем, ки қарори раиси вилояти Хатлон аз 5 июли соли 2019, №195 ба тасвиб расидааст, ки дар асоси он ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ба аёдати ниёзмандон рафта, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба онҳо кӯмаку дастгирӣ менамоянд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.