МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА МАСЪАЛАИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА ВА РАСОНИДАНИ КӮМАК БА ҶАБРДИДАГОН

Дар шаҳри Кӯлоб мизи мудаввар дар мавзӯи «Механизмҳои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба дастрасӣ ба адолат барои ҷабрдидагон аз зӯроварӣ дар оила ва расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ба онҳо» бо иштироки намояндагони Филиали Гопа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, бахши асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар фаъолони шаҳр баргузор гардид.

Нахуст муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова баромад намуда, иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тӯли 3 сол аст, ки бо барномаи филиали Гопа ҳамкорӣ дорад. Боиси хушнудист, ки ташкилоти байналмилалӣ дар самти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масъалаи зӯроварӣ дар оила, мустаҳкам нигоҳ доштани ҳуқуқи зан дар ҷомеа корҳои назаррасро анҷом медиҳад.

Дар мизи мудаввар Елен Максименко- роҳбари филиали Гопа иштирок дошт ва чунин изҳори ақида кард: - Пешгирии зӯроварӣ дар оила маҷмӯи чораҳои ҳуқуқии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилӣ аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила мебошад. Барои ҳалли ин корҳои оммафаҳмонӣ дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти мо хизмат менамояд.

Дар ҷамъбаст, иштирокдорон ба мутахассисон суол дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.