ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ 8.07.2019, №202

Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳраку деҳот

Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи банди 34- и нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1076 “Дар бораи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони ватанӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими соҳибистиқлолӣ ва ҳувияти миллӣ тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ мутобиқи моддаҳои 19, 20, 32 – и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва 25- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” қарор мекунам:

1. Озмуни вилоятӣ оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳраку деҳот то 20 ноябри ҳар сол ҷамъбаст гардида, ғолибони Озмун дар маҷлисҳои ҷамъбастии солонаи вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо мукофонида шаванд.

2. Ҳайати Комиссияи вилоятӣ оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳраку деҳот тасдиқ карда шавад.

3. Раиси Комиссияи вилоятӣ Низомномаи озмуни мазкурро бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани беҳтарин шаҳраку деҳоти беҳтарин дар сатҳи вилоят тасдиқ намояд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

5. Муқаррар карда шавад, ки комиссияи озмуни маҳаллиро раисони шаҳру ноҳияҳо бо санади худ таъсис дода, ба ҳайати онҳо кормандони сохторҳои дахлдорро шомил намуда, фаъолияти босамари онҳоро таъмин намоянд.

6. Сарраёсати молияи вилояти Хатлон маблағҳои барои ғолибони озмуни вилоятӣ тибқи Низомномаи Озмун 24000 (бистучор ҳазор) сомонӣ пешниҳодшударо, аз ҳисоби фони захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъмин намояд.

 

 

         Раиси                                           Қурбон Ҳакимзода

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.