ҶАМЪБАСТИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2019 ДОИР ГАРДИД

10 июли соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар 6- моҳи соли 2019 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини якум, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорону мудирони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ва ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба иқтисод, сардорони раёсатҳои молия, нозироти андоз ва бахшҳои омори шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

Оид ба натиҷаҳои рушди хоҷагии халқи вилоят дар 6 моҳи соли ҷорӣ муовини якуми раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло баромад намуда, дастовардҳо, мушкилот ва камбудиҳои соҳаро мавриди баррасӣ қарор дод.

Сипас, Раиси вилоят аз рӯи натиҷаҳои иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, ҷамъоварии андоз, иҷрои қисми даромади буҷет, рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ аз раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони дахлдори Сарраёсатҳои кишоварзию молия, раёсати андоз, саноат, муҳити зист, маориф, тандурустӣ, раисони шаҳраку деҳот ва масъулини дахлдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ пурсида шуданд.

Раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва вазифаҳои минбаъда дар давраҳои минбаъда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҷиҳати рафти камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастурҳо доданд.

Аз рӯи баррасии масъалаҳои мавриди муҳокима қароргирифта ва вазифагузории минбаъда, маҷлис қарори дахлдор қабул намуд.

Дар фароварди маҷлис аз рӯи натиҷагирии ҳайати кумитаи тадорукоти озмуни “Ободкори Ватан” ба ғолибон ифтихорнома ва туҳфаҳо аз ҷониби раиси вилояти Хатлон тақдим карда шуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.