ШИНОСОИИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ-БОХТАР

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон ташриф овард. Сарвазири мамлакатро дар Ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, раиси ноҳия Сафарзода Раҳматулло ва дигар намояндагони корхонаву идораҳои дахлдор истиқбол намуданд.

Сарвазири мамлакат нахуст аз иҷроиши ҷараёни марҳилаи якуму дуюми сохтмони шоҳроҳи Душанбе-Бохтар дидан намуд. Зимни шиносоӣ ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иттилоъ дода шуд, ки сохтмони марҳилаи аввали шоҳроҳ 54 фоиз иҷро шуда, лоиҳаи марҳилаи дуюм бошад 88 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки шоҳроҳи Душанбе-Бохтар роҳи аҳамияти байналмилалӣ дошта аз 8 то 16 метр васеъ карда мешавад. Дар суҳбат бо ширкатҳое, ки сохтмони ин роҳро ба уҳда доранд, супориш дода шуд, ки корҳоро дар сатҳи олӣ анҷом дода, аз муҳлати нақшаи тасдиқшуда барвақттар ба истифода диҳанд.

Баъди шиносоӣ аз ҷараёни сохтмони шоҳроҳи Душанбе-Бохтар Сарвазири мамлакат бо ҳамроҳии раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии «Бибиӯзбакбӣ» -и Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ дидан намуданд. Майдони умумии боғи мазкур 830 гектарро ташкил дода, 430 гектараш боғ мебошад. Дар хоҷагии деҳқонӣ дарахтони мевадиҳандаи зардолу, боғи интенсивии себ, боғи олу, нок, себи маҳаллӣ, хурмо, гелос, себи биҳӣ, бодом ва анор парвариш карда мешавад.

Баъд аз дидани хоҷагии деҳқонии «Бибиӯзбакбӣ» сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба хоҷагии фермерии «Асадулло» -и Ҷамоати деҳоти Фахробод ташриф оварданд. Сарвазири мамлакат бо буридани лента роҳе, ки аз маркази хоҷагии деҳқонии «Асадулло» мегузарад ва онро бо маркази ҷамоат пайваст менамояд, мавриди истифода қарор дод.

Ин роҳ бо иқдоми соҳибкори ватанӣ сохта шуда, дарозии умумии роҳ 2 ҳазору 400 метрро ташкил намуда, роҳи асосии ҷамоат дар ҳудуди деҳаҳои Сомониён ва Ваҳдат мумфарш карда шуда, аз ду канори роҳ дар ҳаҷми 4 ҳазору 800 метр пиёдароҳаи сафолакпӯш сохта шуда, ба паҳлӯи он обравҳои бетонӣ гузошта шудааст.

Инчунин як пули мошингузар бо дарозии 40 ва паҳноии 11 метр бунёд гардидааст. Аз ду канори роҳ 84 адад сутунпояҳои барқӣ насб карда шудааст, ки шабона роҳ чароғон карда мешавад.

Худи ҳамин рӯз зимни сафари кории хеш Қоҳир Расулзода аз боғи намунавии Пешвои миллат дидан намуд. Боғи намунавии Пешвои миллат 100 гектарро ташкил дода, дар ҳудуди хоҷагии фермерии «Асадулло» мебошад. Майдони умумии хоҷагии фермерии «Асадулло» 15 ҳазор гектар заминро ташкил дода, аз ин миқдор 2 ҳазору 70 гектарашро боғи себ, ангурбоғ, олу ташкил медиҳад.

Айни ҳол дар хоҷагии мазкур 200 саҳмдор кору фаъолият дорад. Бояд гуфт, ки хоҷагии фермерии «Асадулло» дар таъмин намудани бозори дохилӣ ва берунӣ бо меваҳои тару тоза ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ нақши басо муҳим дорад.

Сипас, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон ва кормандони касбу кори гуногун ҷаласа доир гардид.

Дар ҷаласа вобаста ба иҷроиши корҳои сохтмонии шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ба Сарвазири мамлакат ҳисобот дода, қайд карда шуд, ки иҷроиши корҳо дар марҳилаи аввал 54 фоизро ташкил дода, марҳилаи дуюму сеюм бошад, нақшабандӣ шуда истодаанд.

Сипас, Сарвазир Қоҳир Расулзода сухан ронда иброз доштанд, ки иҷроиши корҳои сохтмонӣ 30 фоиз қафо монда ба масъулини ширкатҳои хориҷӣ супориш дода шуд, ки то 1-уми сентябри соли 2020-2021 марҳилаи аввал ва дуюм ба анҷом расад.

Дар доираи корҳои ободниву созандагӣ бахшида ба 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки он иншоотҳои ҷашние, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, бояд дар сатҳи баланд сохта шаванд ва ду канори роҳ бо дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз, насби сутунпояҳои барқӣ барои чароғонкунӣ ва зебо гардонидани роҳ сохта шаванд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.