ТАЪМИР БО ТАШКИЛИ АКСИЯ ФАЪОЛ ГАРДИД

Имсол бо ташаббуси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Аксияи таъмири мактаб таҳти унвони «Одам нашавад магар касе аз мактаб?!» ташкил карда шудааст. Инчунин, аз тарафи шуъбаи маориф муроҷиатнома ба тамоми онҳое, ки мактабро дӯст медоранд, қабул карда шуд.

Тавре ки мудири шуъбаи маорифи ноҳия Маҳмадхон Орифов иброз дош: аз 79 муассисаи таҳсилотӣ, ки дар ноҳия мавҷуд аст, то ба имрӯз 6 муассисаи таълимӣ пурра аз таъмир бароварда шудааст. Дар дигар муассисаҳои таълимӣ бо ташкил кардани Аксияи номбурда ва бо ҷалби омӯзгорон ва соҳибкорони маҳаллӣ рангу бори мизу курсӣ идома дорад.

Хотиррасон бояд намуд, ки айни ҳол дар ноҳияи Восеъ 79 муассисаи таълимӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 62 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 – асосӣ, 1 – ибтидоӣ, 1 – гимназия, 2 – интернат, 7- таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.