ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН №151 АЗ 30.05.2019

Дар асоси мактубҳои Клуби футболи “Равшан”- шаҳри Кӯлоб аз 1 ӣмайи соли 2019, №28 ва Клуби футболи “Ҳосилот”- ноҳияи Фархор аз 10 майи соли 2019, №4 мутобиқи моддаҳои 19, 20, 21 – и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва 25- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” қарор мекунам:

1. Сарраёсати молияи вилояти Хатлон вазифадор карлда шавад, ки барои нигоҳдории дастаҳои футбол аз ҳисоби бақияи озоди буҷети вилоятӣ ба 1 январи соли 2019 ба маблағи 400000 (чорсад ҳазор) сомонӣ, аз ҷумла ба Клуби футболи “Равшан”- шаҳри Кӯлоб 300000 (сесад ҳазор) сомонӣ ва ба Клуби футболи “Ҳосилот”- ноҳияи Фархор 100000 (сад ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

2. Клуби футболи “Равшан”- шаҳри Кӯлоб ва Клуби футболи “Ҳосилот”- ноҳияи Фархор азифадор карда шавад, ки маблағи ҷудошударо мақсаднок истифода намуда, аз натиҷааш ба Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҳисобот пешниҳод  намояд.

3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешниҳод карда шавад.

4. назорат аз болои рафти иҷрои қарори мазкур а зимаи муовини соҳавии раиси вилоят вогузор карда шавад.

 

 

         Раиси                                                                    Қурбон Ҳакимзода

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.