ХАТЛОН ИҶЛОСИЯИ ҲАЖДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ПАНҶУМ БАРГУЗОР ГАРДИД

Рӯзи 28 июни соли 2019, соати 900 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар кори Иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, муовинони раиси вилоят, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятиву минтақавӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шаҳру навоҳӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба соҳаи иҷтимоӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва васоити ахбори умум ширкат доштанд.

Дар иҷлосия тибқи рӯзнома масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд. 1. Рати иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 13.02.2016, №40 “Дар бораи барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон” дар р шаҳру ноҳияҳои вилоят. 2. Ҳисоботи сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омори давлатӣ” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят. 3. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аз рӯи масъалаҳои рӯзнома ҳисоботи муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода М., сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимов Қурбоншо ва роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшоҳ шунида шуд.

Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул намуд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.