ИФТИТОҲИ МАКТАБИ НАВ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

Дар ноҳияи Кушониён боз як мактаби наву замонавӣ дари худро ба рӯи хонандагону омӯзгорони муассисаи таълимии рақами 38 боз намуд. Дар расми ифтитоҳи он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирбобо Раҳматулло, муовини раиси вилояти Хатлон Амонулло Хайрулло ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Ноҳияи Кушониён яке аз ноҳияҳои калонтарини аграрии вилояти мо ба шумор меравад. Мардуми заҳматқарини ноҳия шукронаи истиқлолият ва ваҳдати комили мамлакат ва пойдории сулҳу суббот карда, дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд. Рӯзи ваҳдати миллӣ барои мардуми ноҳия ба хусус маорифчиён аз он ҷиҳат хотирмон гардид, ки дар деҳаи дурдасти Эргаш ҷамоати деҳоти Бустонқалъаи ноҳия боз як мактаби наву замонавӣ дари худро ба рӯи хонандагону омӯзгорон ва бошандагони деҳа боз намуд. Дар расми кушодашавии ин иншооти маърифати муовини Вазири маориф ва илм Мирбобо Раҳматулло, муовини раиси вилоят Амонулло Хайрулло, раиси ноҳияи Кушониён Ҷаббори Гаффор ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Мактаб аз 9 синфхона иборат буда, як синфхонаи компютери бо 16 компютер ва 8 синфхонаи дигар муҷҷаҳаз бо асбобҳои айёнӣ аз фанҳои гуногун дар хизмати фарзандони мардуми ин мавзеъ қарор гирифт. Мактаб бо маблағгузории Вазорати маориф ва илм сохта шуда дар корҳои сохтмонию муҷҷаҳазгардонидани синфхонаҳо зиёда аз 9,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Акнун муҳасилин дар бинои зебою барҳаво ва синфхонаҳои муҷҷаҳаз бо асбобҳои айёнӣ ва бо истифода аз технологияи муосир метавонанд дониши мукамал гирифта, фанҳои дақиқро аз бар намоянд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.