ҶАШНИ ВАҲДАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Сокинони ноҳияи Ховалинг чун дигар шаҳрвандони кишвар бо вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ ва тинҷиву оромӣ, аз ҷашни ваҳдати миллӣ таҷлил карданд. Дар қасри фарҳанг раиси ноҳия ва дигар баромадкунандагон сокинони ноҳияро бо 22-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, қайд намуданд, ки ба даст овардани ваҳдати миллӣ кори осон набуд ва ватандӯстиву миллатдӯстӣ, ҷаҳду талош, ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба ин рӯзҳои нек расидем. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоксорию инсондӯстӣ тавонист шуълаи умедро дар дили тоҷикон фурӯзон намояд ва 27-уми июни соли 1997 тарафҳо дастфишурӣ карда, ҳамдигарро бахшиданд ва ба корҳои ободонию созандагӣ шурӯъ намуданд.

Давоми 22 сол давлати Тоҷикистон ба куллӣ тағйир ёфта, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин гардид. Мо тавонистем дар амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳм гузорем ва имсол Пешвои миллат ҳадафи чорум, яъне саноатикунонии мамлакатро ба миён гузоштанд. Мардуми меҳнатқарину шарафманди Тоҷикистон бо дастгирӣ аз сиёсати Пешвои миллат ва давлату ҳукумат баҳри ободию сарсабзии диёр камар бастанд.

Дар ин рӯз маркази саломатӣ воқеъ дар деҳаи Гулзори ҷамоати деҳоти Ҷонбахт аз тарафи ҶДММ «Амин» бо харҷи 177 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Дар ифититоҳи он масъул Шукурзода Ҷамолиддин – мудири бахши Раёсати маорифи вилоят дар минтақаи Кӯлоб иштирок дошта, доир ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва пешрафти илму маориф сухан кард. Дар ҳолати тантанавӣ ба фаъолони соҳаҳо, ки дар пешбурди сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат саҳми арзанда гузошта истодаанд ва бахшида ба 22-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

Консерти идона аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанг бо пешниҳоди суруду рақсҳо ҷолибу диданӣ буд. Сайругашти идона дар маркази ноҳия ва ҷамоъатҳои деҳот то бегоҳ идома ёфтанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.