ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР БО ШУКӮҲ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои созандагиву ободонӣ идома дошта, сохтмони бинову иншоотҳои гуногун ва бунёд ва бозсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ бо маром идома дорад.

Бо ин мақсад ва ба муносибати 22 - солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Бохтар боғи фарҳангию фароғатӣ ба номи Р. Мурчаев баъди бозсозӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва муовини раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Хол ва раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим ва дигар шахсони расмӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Баъди шиносоӣ бо шароити истироҳатию фароғатии боғ раиси вилоят баҳри иҷрои босифати корҳо баҳои баланд дода, барои ташаббусҳои созанда изҳори сипос намуд.

Сипас , дар ҳаминҷо бахшида ба 22 - солаги Рӯзи ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуд.

Зимни баромади худ раиси вилоят қайд намуд, ки хушбахтона, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба имзо расида, бо ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бевоситаи халқи кишварамон сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ дар Тоҷикистон таъмин гардид.

Маҳз Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти бузурги таърихӣ тавонист бунёдгузори модели нави сулҳофарӣ дар минтақа ва ҷаҳон гашта, низои мушкили дохилиро дар муҳлатҳои ниҳоят кӯтоҳи таърихӣ тариқи сулҳу созиш бартараф намояд.

Дар охир барномаи консертии омоданамудаи ҳунармандони раёсати фарҳанги вилоят ва шаҳр пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.