ИСТИФОДАИ ИНШООТҲО БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи корҳои созандагиву ободонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Зарбдор, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони иншооти таъйиноти иҷтимоӣ идома доранд. Рӯзи 26-уми июни соли ҷорӣ дар деҳаи Гулистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Неъматулло Шомадов Бунгоҳи тиббӣ дорои чор ҳуҷраи хизматрасонии тиббӣ, дорухона ва сартарошхона мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар ифтитоҳи он муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, и.в.раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром ва дигар масъулони ҳукумати шаҳр иштирок карданд.

Қобили зикр аст, бунгоҳи тиббӣ то ин замон дар хонаи истиқоматӣ фаъолият мекард. Айни ҳол деҳа 1358 нафар аҳолӣ дорад. То маркази ҷамоат 3 км роҳ аст. Бунгоҳи тиббӣ аз тарафи оилаи Шомадовҳо бо харҷи 320 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Дар он 4 нафар ҳамшираҳои шафқат фаъолият мекунанд.

Баъдан, бо ташрифи гурӯҳи корӣ Беморхонаи ноҳиявии Хатлон -1 (дорои ташхисгоҳ) мавриди истифода қарор дода шуд. Беморхона дорои 12 ҳуҷраи бо тарҳи замонавӣ сохташуда бунёд карда шудааст. Сохтмони ин иншоот аз тарафи Дирексияи сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда шудааст.

Дар ин рӯз дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Кӯлоб аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Нозимов Ғайратшо нуқтаи шустушӯйи мошинҳо ва толори саққобозӣ бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Инчунин дар назди майдони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Нишон ва Парчами давлатӣ барафрохта шуд. Ҳозиринро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ба муносибати 22 солагии Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки имрӯз бо иқдоми наҷиби роҳбарияти донишгоҳ бунёди нишон ва парчами давлатӣ дар таҳкими худшиносию эҳсоси ватандӯстии насли ҷавону наврас ва ҳар як донишҷӯе, ки дар ин даргоҳи муқаддас таҳсил мекунад, таъсири мусбат мерасонад. Мо медонем, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ тавассути қонун ҳифз карда мешавад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.