Error message

  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_display has a deprecated constructor in include_once() (line 3478 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/includes/bootstrap.inc).
  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_many_to_one_helper has a deprecated constructor in require_once() (line 127 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/sites/all/modules/ctools/ctools.module).

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб-2019» баргузор гардид. Пеш аз оғози форум дар саҳни майдони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва намунаҳои эҷодиёти ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Иштирокчиёни форум аз он боздид ба амал оварданд.

Тибқи нақша Форумро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ифтитоҳ намуда, доир ба ширкати Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ (ICD) Айман Сеҷини ва ҳайати Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC) маълумот ироа кард.

Баъдан, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабзода Раҷабалӣ, раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Марк Поммершайм, директори иҷроияи Корпоратсияи исломӣ Айман Амин Сеҷинӣ, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо, роҳбари гурӯҳи кори байниидоравӣ оид ба шаҳри Кӯлоб Завқизода Завқи Амин, Президенти ширкат оид ба захираҳои «Тибет Эверест»(Хитой) Хуан Цзян Жунг, муовини Директори генералии КВД «Тоҷинвест» Музаффарӣ Ҷавоҳиралаъл ва дигар меҳмонон ва сармоягузорон оид ба баргузории форум, рушди бахшиши хусусӣ ва дигар паҳлуҳои сармоягузорӣ ва тиҷорат суханронӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки ҳадафи Форум аз муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ, фаъол гардонидании раванди ҷалби сармоя, таҳкими раванди истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, баланд бардоштани неруи содиротӣ, густариш додани ҳамкориҳои соҳибкорону сармоягузорон, таъмин намудани имкониятҳои рушди соҳибкории муосир ва дар маҷмӯъ мусоидат намудан ба вусъат бахшидани татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ вобаста ба саноатикунонии мамлакат ва устувор намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб иборат мебошад.

Баъд аз анҷоми қисми расмӣ, бахши кории форум идома ёфт. Дар бахши кории форум вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни рушди соҳибкории муосир, масъала ва мушкилот, роҳу усулҳои фаъол гардонидани раванди ҷалби сармоя, таҳкими раванди истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, афзун намудани содирот, таъмини рушди соҳибкорию сармоягузорӣ, татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ вобаста ба саноатикунонии мамлакат, таъмини рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифномаҳо пешниҳод гардида, мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт.

Дар кори форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти давлатии самти иқтисодиёт, соҳибкорию сармоягузорӣ, Палатаи савдо ва саноат, сайёҳӣ, намояндагони мақомоти давлатии самти саноат, кишоварзӣ, Академияи илмҳо, роҳбарон ва намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ, намояндагони ширкатҳои хориҷӣ, роҳбарон ва аъзои асотсиатсияҳо ва ташкилотҳои соҳибкорӣ, намояндагони ҳамватанони бурунмарзӣ, мутахассисону коршиносон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ ширкат доштанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.