Error message

  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_display has a deprecated constructor in include_once() (line 3478 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/includes/bootstrap.inc).
  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_many_to_one_helper has a deprecated constructor in require_once() (line 127 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/sites/all/modules/ctools/ctools.module).

Ҷайҳун. Дар истеҳсоли сабзӣ, пиёз, лимӯ, мева ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар пешдастӣ доранд

   Дар ҷараёни кори рӯзи 18 июни соли ҷорӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Ҷайҳун рафта аз ҷараёни кишти сабзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Аюбҷон» аз Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ дидан намуд. Деҳқонони ноҳияи Қумсангир аз замин самараноку оқилона истифода бурда, дар як сол ду – се ҳосил ба даст медароранд. Дар истеҳсоли чанд намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ мақоми хосаро ишғол мекунанд. Бахусус дар истеҳсоли сабзӣ, пиёз, лимӯ, мева ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар пешдастӣ доранд. Аз ин нигоҳ ба кишти босифати сабзӣ оғоз бахшида, барои ҳосили оянда заминаи боэътимод мегузоранд. Аммо чанд соли охир кори пахтакорон омад намекунад. Онҳо наметавонанд дурнамои истеҳсоли пахтаро таъмин кунанд. Бинобар ин зимни шиносоӣ аз ҷараёни парвариши пахтазор дар хоҷагии деҳқонии «Толибҷон» аз ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон дастур дод, ки дар интихоби тухмиҳои хушсифат таваҷҷӯҳ кунанд ва тамоми омилҳои агротехникии парвариши пахтазорро қатъӣ риоя намоянд.

  Дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ раиси вилоят ба аёдати сокини деҳаи Маданият Фариштамоҳ Давлатова рафта, аз ҳолу аҳволи ӯ пурсон гардид, дилбардориаш намуд ва ба ӯ аз номи Президенти мамлакат маводи ғизоӣ ва туҳфаи пулӣ  кӯмак расонд. Ин қадршиносӣ чунин шахсонро ба зиндагӣ дилгарм менамояд ва онҳо дуои неки давлату миллати худро мекунанд.

  Дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол раиси вилоят аз бунёдкории сокинони деҳаи Лоҳутӣ оид ба сангфаршкунии роҳи деҳа дидан карда, иқдоми мардумро дар самти дастгирӣ аз сиёсати созандаю бунёдкор иқдоми ватандӯстона арзёбӣ дошт. Вобаста ба эълон гардидани 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сокинони маҳал баҳри амалӣ гардидани он саъю талош меварзанд,то деҳоти Тоҷикистон боз ҳам ободу зеботар гардад.

  Дар хоҷагии деҳқонии «Сайфулло - 2019» дарави ғалладона идома дошта, деҳқонони Ҷамоати деҳоти Истиқлол азми қатъӣ доранд, ки ҳосили беш аз 50 сентнерии ғалла ба даст дароварда, заминро ба кишти такрорӣ омода созанд. Асосан дар кишти такрорӣ деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун сабзӣ ё макка барои дон кишт менамоянд, ки фардо аз ин зироат ҳосили хуб ба даст дароварда, манфиат мебинанд. Раиси вилоят дар боби маданияти истифодабарии замин, интихоби тухмиҳои хушсифат, саҳмгузорӣ дар таъмини арзонию фаровонии бозорҳои истеъмолӣ зимни суҳбат бо кишоварзон ба онҳо дастуру тавсияҳои судманд дод.

   Дар Ҷамоати деҳоти Қумсангир раиси вилоят санги асоси оғози сохтмони таваллудхонаро гузошта, аз густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои мутараққии дунё, сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон, баракати Истиқлолият ва сулҳу ваҳдат сухан ба миён оварда, ин ҳама пешравиҳоро аз саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ дошт.

  Дар шафати роҳи байналмилалии Тоҷикистон – Афғонистон дар назди бозори мавсимии Ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун бо иқдоми ҷавонмардони бонангу номуси диёр, соҳибкорони ватанӣ ҳаммоми замонавӣ бо иштироки раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамчунин бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоии давлат хатнасури 20 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзмандро гузаронида, талаботи меъёрҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» - ро қатъӣ риоя карданд. Раиси вилоят чунин иқдомҳои хайру савоб ва амалҳои ҷавонмардонаи мардони саховатпешаро хайрхоҳӣ ба ояндаи миллату давлати худ тавсиф намуд.

   Ҳамчунин дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо иштироки раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон бинои дуошёна ба маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ барои 60 нафар ҳунаромӯзони касбҳои дӯзандагӣ, дуредгарӣ, кафшергарӣ ва дар ошёнаи дуюм ҷойи хоб аз самари ҳамкориҳо бо сармоягузорони хориҷӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Барои ҷавонони мо шароити арзандаи касбу ҳунаромӯзӣ ва ҷойи хоб муҳайё гардид.

 Зимни боздид аз ноҳияи Ҷайҳун раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 624 хонанда дар як баст дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ шинос шуда,диққати роҳбарону масъулинро ба вусъати корҳои сохтмонӣ, сифатан анҷом додани сохтмон ҷалб карда, дар назди онҳо баҳри пешравии кор вазифаҳои мушаххас гузошт. Бояд ёдовар шуд,ки дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф дар мақоми аввал қарор дорад. Аз ин нигоҳ бунёди мактабҳои наву замонавӣ, синфхонаҳои иловагӣ тақозои замон мебошад.

  Дар  назди литсейи касбӣ – техникии рақами 32 дар деҳаи Замини нави Ҷамоати деҳоти Панҷ синфхонаҳои иловагӣ ва хобгоҳ бо ширкати раиси вилоят мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Чунин зарурат ба миён омада буд ва акнун ин мушкилот ҳалли мусбии худро ёфт ва барои ҳунаромӯзони литсеи касбӣ – техникии рақами 32 шароити беҳтари машғулият ва фароғат фароҳам оварда шуд. Ин ҳамаро аз баракати сулҳу ваҳдат, таваҷҷӯҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ доштанд.

  Дар деҳаи Навзамини Ҷамоати деҳоти Панҷ бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои созанда аз ҷониби соҳибкори ватанӣ майдончаи варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Наврасону ҷавонон дар чунин майдончаҳо ба варзиш машғул гардида, аз ҳама гуна корҳои ношоям худро канор мегиранд,обу тоб меёбанд,ҳунару маҳорати варзишиашонро сайқал медиҳанд.

  Мумфарш кардани роҳ ба деҳот ҳусн бахшида, рафтуомади нақлиётро хеле осон мекунад. Сокинони деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти Панҷ 2,6 километр роҳи деҳотро мумфарш намуданд, ки аз ин 1 километраш ба соҳибкори ватанӣ, ҷавонмарди бонангу номуси деҳа тааллуқ дорад. Амалигардонии чунин иқдоми бунёдкорона ба дигар ҳамватанон сабақи ибратомӯз аст. Дар дастҷамъӣ Ватан бояд обод кард.

  Дар ин боздид раиси вилоят ба аёдати собиқадори ҷангу меҳнат Кабутова Даря рафта, ӯро қадршиносӣ намуд.Ин зани меҳнатӣ на танҳо дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ балки дар ноҳияи Ҷайҳун соҳибэҳтиром мебошад.Чунин шахсони меҳнатӣ дар ноҳия кам нестанд. Собиқадори ҷангу меҳнат Маҳмад Зардолиев сокини деҳаи Зарбдори Ҷамоати деҳоти Панҷ аз қабили ҳамин гуна шахсони маъруфу муътабари деҳот мебошад.Раиси вилоят аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро қадршиносӣ намуд ва маводи ғизоиву туҳфаи пулиро тақдимаш дошт.

  Бунёди иншооти таъиноти гуногун, ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо маром идома дорад. Мардум, соҳибкорони бонангу номус аз иқдомҳои бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона пазироӣ менамоянд,зеро онҳо хуб медонанд, ки ободии ватан аз заҳмату ташаббускории ҳар як соҳибватан вобастагии қавӣ дорад.

  Баъди боздид  аз ҷараёни тозакориҳо, вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳия натиҷаи он бо иштироки раиси вилоят, роҳбарони масъули вилоятӣ, фаъолони ноҳияи Ҷайҳун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Ахбороти раиси ноҳия Аминзода Фотеҳ шунида шуд. Таъкид гардид,ки дар баробари пешравиҳо ҳанӯз камбудиҳои зиёде ҷой доранд,ки ислоҳи саривақтии онҳо тақозои ҳаёт мебошад. Бинобар ин раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон аз баъзе роҳбарони масъул, хоҷагидорон сабабҳои ба камбудиҳо роҳ доданашонро қатъӣ пурсон гардида, дар назди онҳо баҳри пешравии кор, ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта вазифаҳои мушаххас гузошт.  

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.