Error message

  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_display has a deprecated constructor in include_once() (line 3478 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/includes/bootstrap.inc).
  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_many_to_one_helper has a deprecated constructor in require_once() (line 127 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/sites/all/modules/ctools/ctools.module).

Боздиди раиси вилояти Хатлон аз ноҳияи Ҷ. Балхӣ

  18 июни соли ҷорӣ раиси вилоят  Ҳакимзода Қурбон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷараёни бунёдкориҳо, кори корхонаву коргоҳхои истеҳсолӣ, соҳаи кишоварзӣ дидан кард.   

     Нахӯст раиси вилоят аз пахтазори хоҷагии зотпарварии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов дидан карда, бо роҳбарият ва деҳқонони асили хоҷагӣ аз наздик суҳбату мулоқоти судманд анҷом дод. Майдони умумии хоҷагии Ниёзму ҳаммад Бегов 1  ҳазору 506 гектарро ташкил дода, аз ин дар майдони  ҳазор гектар  ва дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, дар майдони 200 гектар пахтаи навъи «флеш» ва «Тоҷикистон» кишт карда буданд. Имрӯз пахтазор нашъунамои муътадил дошта, кишоварзон азм доранд, ки бо риояи қатъии омилҳои парвариши пахтазор  ҳосили хуб ба даст дароранд. Раиси вилоят баҳри беҳбудии кор ба деҳқонон дастуру тавсияҳои судманд дод.     

    Дар деҳаи «Чорбоғ»-и Ҷамоати деҳоти Навобод раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон пири кору рӯзгор, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ пири равшанзамир, ки 93 сол дорад, Гулмурод Холмуродовро аёдат намуд. Ин пири хирадманд беш аз 30 сол ронанда буда, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри дифои Ватан – Модар сина сипар намуда, бо ордену медалҳои зиёд сарфароз гардонида шудааст. ӯ соҳиби 11 нафар фарзанд – 6 писар ва 5 - духтар буда, фарзандонаш низ баҳри пешрафту ободии диёр содиқона кор карда истодаанд. Зимни суҳбат раиси вилоят аз иқдомҳои Пешвои муаззами миллат, иштироки 11 нафар сарони давлатҳо ва 27 давлати дунё дар самити Душанбеи нозанину гулбасар ёдовар шуда, таъкид дошт, ки ин барои миллати тоҷик мояи ифтихору сарфарозист. Аз номи Пешвои миллат ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулмурод Холмуродов бо туҳфаи пулӣ қадршиносӣ гардид.

   Ҳамчунин раиси вилоят аз корхонаи истеҳсоли меваи хушк, консервабарорӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан дар деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Навобод дидан карда, иқдоми соҳибкорони ватаниро самимона пазироӣ кард. Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «И.Сомон»  соли 2016 таъсис ёфта, бо васли таҷҳизоту дастгоҳҳои мусоир дастрасии ашёи хом, арзиши меъёрӣ ва талаботи бозор чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Соли равон дар мавсими ҷамъоварии ҳосили мева дар корхона се тонна зардолу хушк карда мешавад. Раиси вилоят дастур дод, ки фаъолияти корхонаро пурра ба роҳ монда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд, саноатро рушд бахшанд ва фардо ба содироти бештари маҳсулот, бахусус меваи хушк заминаи боэътимод фароҳам оранд.

   Дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) – и Ҷамоати деҳоти Узун дар майдони 244 гектар ва дар  ҳудуди хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаеви деҳоти номбурда дар майдони 1  ҳазору 660 гектар аз тарафи ширкати Ҷунтай – Хатлон пахта кишт карда шудааст. Имрӯз нашъунамои пахтаи чинӣ умедбахш буда, деҳқонон ният доранд, ки боздеҳи заминро баланд бардошта, ба хуб шудани иқтидори иқтисодии хоҷагидорӣ муваффақ гарданд.

   Дар  ҳудуди Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Моҳир - семент» бо маблағи 360 миллион сомонӣ иншооти сохташавандаи Корхонаи сементбарории ҶДММ «Моҳир - семент» бунёд мегардад. Сохтмони ин корхонаи азамат моҳи майи соли 2018 оғоз ёфта, дар давоми як сол корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.  Ҳуҷҷатгузорӣ оид ба қабули иншоот, инчунин корҳои ободонии гирду атроф идома дошта, тибқи нақша корхона дар остонаи 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки 120 нафар сокинони маҳал бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол ба 600  ҳазор тонна семент расонида шавад. Аз амалигардонии ин иқдоми ватанпарварона дар вилояти Хатлон раиси вилоят изҳори сипос намуд ва баҳри истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва бозгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ба бунёдкорон дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

   Зимни боздид аз корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Сомон – И - 2013» дар Ҷамоати шаҳраки Балхӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки бинои сеошёнаи он соли 2013 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушода шудааст, раиси вилоят дастур дод, ки аз  ҳисоби занону духтарони маҳал сафи дӯзандагонро ба сад нафар расонанд, зеро айни  ҳол 40 нафар занону духтарон бо ҷойи кор таъмин буда, асосан ба духтани либосҳои мактабӣ барои писарон ва духтарон машғуланд.  Ҳол он ки дастгоҳҳои дӯзандагӣ дар як гӯша бекор буда, дӯзандаҳои моҳирро интизоранд.  Ҳамчунин корро дар ду баст ташкил кардан ба мақсад мувофиқ мебошад.

   Дар Ҷамоати деҳоти  Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои сохтмони иншооти гуногун ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ширкати холдингии И.Сомонӣ» дар маҷмӯъ 25 гектар замин ҷудо карда шудааст. Сохтмон дар ин мавзеъ айни замон ба таври комплексӣ амалӣ шуда истодааст.

    Иншооти калонтарини он Маҷмааи варзишӣ ба  ҳисоб меравад. Майдони он 11 гектарро фарогир буда, маблағи сохтмонии ин Маҷмааи варзишӣ 36 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар он барои 15  ҳазор ҷойи нишаст майдони варзишӣ бунёд мегардад. Тибқи нақша Маҷмааи варзишӣ дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар соли 2020 ба истифода дода мешавад. Аз тарафи ширкати «Ширкати холдингии И.Сомонӣ» дар саҳни Маҷмааи варзишӣ майдони Парчами миллӣ бунёд хоҳад шуд.  Ҳамчунин дар назди ин Маҷмааи варзишӣ сохтмони мактаб – литсейи президентӣ бо ду хобгоҳ барои хонандагон ва омӯзгорон оғоз гардида, лоиҳаи сохтмони муассисаи томактабии сеошёна барои 330 нафар кӯдак омода шуда, сохтмони он дар рӯзҳои наздик оғоз мегардад. Дар маҷмӯъ тозакориҳо ба истиқболи 30 – солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балх ӣ вусъати тоза меёбад.

    Сипас, раиси вилоят ба аёдати собиқадори меҳнат Мирзомаҳмуд Маҳмадов ба деҳаи Ленини Ҷамоати де ҳоти  Ҳалевард омада ин марди хирадро зиёрат намуд ва аз  ҳолу аҳволаш пурсон шуд. Мирзомаҳмуд Маҳмадов 45 сол дар хоҷагии халқи деҳоти номбурда содиқона ифои вазифа карда, бо унвони устоди пахтаи тоҷик ва ордену медалҳои зиёд сарфароз гардонида шудааст. Иштирокчии фаъоли чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ буд. Аз меҳнати  ҳалол соҳибобрӯ гардида, соҳиби шаш нафар фарзанд мебошад.  Ҳосили 47 сентнерии пахта ба даст овардааст. Имрӯз соҳиб эҳтиром буда, дуогӯи давлату миллати худ мебошад. Раиси вилоят аз номи Президенти мамлакат ӯро бо туҳфаи пулӣ қадршиносӣ намуда, зиндагиномаашро намунаи ибрати дигарон арзёбӣ дошт.

   Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ раиси вилоят аз  ҳолати пойгоҳҳои обкашии рақами 2 ,3,4, ва 5 дар Ҷамоати шаҳраки Гулистон дидан намуд. Тавассути ин пойгоҳҳои обкашӣ майдони қариб 900 гектар замини мавзеи Гулистони Ҷамоати шаҳраки Гулистон шодоб мегардад. Замини ин мавзеъ  ҳосилхез буда, дар сурати таъмини пурра бо оби полезӣ кишоварзон имкон пайдо мекунанд, ки  ҳосили хуби меваю сабзавот, полезӣ ва пахта ба даст дароранд. Аммо дастгоҳҳои обкашӣ аз соли 1961 – ум инҷониб фаъолият дошта,  ҳарчанд таъмиру тармим мегарданд, вале кӯҳнаю фарсуда шудаанд. Ин аст, ки иқтидори онҳо пурра барои бо оби полезӣ таъмин кардани замини мавзеъ басанда нест. Дар ин мавзеи Ҷамоати шаҳраки Гулистон замини хоҷагии деҳқонии Саидмурод, ки пахта кишт намудааст баъди боронҳои пай дар пай коркарди байни қаторҳо нашуда, ягона ба  ҳолаш мондааст. Раиси вилоят дастур дод, ки зудтар коркарди байни қаторҳо гузаронида пахтазорро ягона кунанд, обу ғизо диҳанд,  ҳосили хуб гирифта метавонанд. Аммо дар шафати замини ин хоҷагӣ замине, ки тарбуз кишт гардидааст ниҳолакон ташнаи обанд. Дар қитъаи 10 гектараи шафати ин замин кишти полезӣ ва пахта гузаронида шудааст. Аммо полезию пахтаро янтоқу алафи бегона пахш карда, ин қитъа ба як харобазор табдил ёфтааст. 

  Раиси вилоят ба роҳбарони масъули ноҳия, кумитаи идораи замин, идораи давлатии обёрӣ ва беҳдошти замин ва Ҷамоати шаҳраки Гулистон  супориши қатъӣ дод, ки ин мушкилотро дар наздиктарин рӯзҳо  ҳаллу фасл карда, ба деҳқонон кумаки амалӣ расонанд. 

 

 

 

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.