405 гектар боғу токзор парвариш меёбад

      18 июни соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон аз боғоти хоҷагии Сафар Ҷумъаев ҷамоати дехоти Узун-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан кард. Дар ин хоҷагӣ дар майдони 405 гектар боғу токзор парвариш меёбад, ки аз ин 103 гектарашро шафтолу боғҳо ташкил медиҳад.Ҳам ҳосили боғҳои себ ва ҳосили майдони шафтолу боғҳо гувоҳи он аст,ки боғдорон дар боғдорӣ таҷрибаи хуб андўхта тавассути ҳамкорӣ бо олимон, истифода аз ниҳолҳои пайвандии дорои сертификат буда, боғҳои намунавии мевааш содиротшаванда бунёд карданд. Имрўз онҳо бозорҳои вилоят ва пойтахтро бо себу олую шафтолу таъмин карда, ба содироти мева ба хориҷи кишвар муваффақшуда истодаанд. Ҳамчунин дар байни дарахтон зироатхои донагӣ кишт кардаанд, ки нашъу намои хуб доранд.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.