Error message

  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_display has a deprecated constructor in include_once() (line 3478 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/includes/bootstrap.inc).
  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_many_to_one_helper has a deprecated constructor in require_once() (line 127 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/sites/all/modules/ctools/ctools.module).

Президенти Ҷумҳурии Демократии сотсиалистии Шри-Ланка ба шаҳри Норак ташриф овард

  Президенти Ҷумҳурии Демократии сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена ба хотири иштирок дар машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осёи Миёна ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи сафари худ бо шароити гидроенергетикии Тоҷикистон шиносои пайдо намуд. Меҳмонони олиқадро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми раиси вилоят Хайрулло Амонулло ва раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳулло  бо истиқболи гарм ва нону намак дар нерӯгоҳи барқии оби Норак пешвоз гирифтанд.

   Сипас, Майтрипала Сирисена дар нерӯгоҳи барқии обии Норак аз фаъолияти  гидроенергетикии мамлакат ошно гардид. Зимни тамошои обанбори нерӯгоҳ ва гаштугулзор дар табиати ин гӯшаи зебоманзарӣ диёр меҳмонони воломақом бештар ба захираҳои гидроенергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба фаъолияти силсиланерӯгоҳҳои дарёи Вахш маълумот пайдо намуд.

    Президенти Ҷумҳурии Демократии сотсиалистии  Шри-Ланка дар ин нерӯгоҳи пуриқтидори мамлакат бо фаъолияти сохтори идоракунии дастгоҳҳои он шинос шуд.

   Дар ин сафар ба ҳайати меҳмонон доир ба иқтидори нерӯгоҳи барқи обии Норак низоми истеҳсолӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ин иншооти гидроенергетикӣ маълумоти муфассал дода шуд.

   Қайд кардан ба мавридаст, ки диққати меҳмононро манзараҳои дилфиреби шаҳри Норак ба худ ҷалб кард. Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Демократии сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена зикр намуд, ки «Дар бораи Тоҷикистон бисёр шунида будам, вале ончизе, ки дар инҷо дидам маро бозҳам ба ваҷд овард. Табиати зебо, обанбор, боду ҳавои тоза мисли як биҳиштро мемонад. Агар имкон пайдо кунам ҳар вақт ба тамошои манзараҳои Тоҷикистон ташриф меорам». Ҳамин тариқ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар масъулин меҳмононро бо тамоми манзараҳои зебо ва ҳолати гидроенергетикии нерӯгоҳӣ барқии обии Норак ошно намуданд. Дар анҷоми боздид Қурбон Ҳакимзода ҳамчун рамзи эҳтиром ба меҳмони  олиқадр Майтрипала Сирисена мусаввараи зебоеро, ки аз табиати зебо ва обанбори нерӯгоҳ инъикос ёфтааст тақдим намуд.  

     Ба меҳмонони олиқадр барномаи рангини омодакардаи  фарҳангчиёни шаҳри Норак пешкаш карда шуд.

IMG_3832.JPGIMG_3840.JPGIMG_3876.JPGIMG_3848.JPGIMG_3890_0.JPG

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.