Error message

  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_display has a deprecated constructor in include_once() (line 3478 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/includes/bootstrap.inc).
  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_many_to_one_helper has a deprecated constructor in require_once() (line 127 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/sites/all/modules/ctools/ctools.module).

Баргузории  конференсияи илми назариявӣ бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди истифодаи меҳнати кӯдакон.

       Дар таърихи рузи 12 июни соли равон дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон  конференсияи илми назариявӣ бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди истифодаи кӯдакон баргузор гардид. Конференсияро бо суханҳои ифтитоҳи раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Ризозода Абдурозиқ Шариф кушода дар бораи чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди  мубориза  бар зидди истифодаи  меҳнати кӯдакон суханрони карданд. Сипас Сарнозири ҳифзи меҳнати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Шараф Комилов оиди конвенсияҳои  Ташкилоти Байналмиллалии Меҳнат, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро эҳтироф намудааст  баромад намуданд. Оид ба мавзӯи зикргардида нозири ҳифзи меҳнати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон Исроил Шарифов ба ишироккунандагони конференсия санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бар зидди истифодаи меҳнати кӯдакон қабул намудааст бо тариқи слайд намоиш дода шуд, ва ба саволҳои иштироккунандагони конференсия посух доданд. Дар фарҷоми конференсия муроҷиатномаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон оид ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза ба зидди истифодаи меҳнати кӯдакон қабул карда шуд ва аз тарафи иштироккунандагони конференсия якдилона дастгири карда шуд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.