КУМАК БА НИЁЗМАНДОН  

     Хайр қарзи инсони ва мусулмонии ҳар як фарди худоҷӯй аст. Дар ҳақиқат дасти кумак дароз намудан ба ниёзмандон, аёдати беморон, бунёди пулу таъмири роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва табобатӣ амалӣ хайру савоб ба шумор меравад.

  Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди саиди фитр аз ҳисоби садақаи фитр ва кӯмакҳои хайриявӣ  аз ҷониби сокинон ва шахсони саховатманди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба маблағи 20411440 сомонӣ барои эҳтиёҷоти маъюбону ятимон, оилаҳои камбизоату барҷомонда равона гардид.

  Тавре ки мудири шуъба оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шарифзода Сафарбек иттило дод, маблағҳои мазкур дар баробари кӯмак ба маъюбону ятимон, ҳамчунин барои барқарорсозӣ ва бо асбобу  анҷоми рӯзгор таъмин кардани хонаҳои истиқоматии оилаҳои ниёзманд, таъмири муассисаҳои иҷтимои аз ҷумла мактабу боғча, бунгоҳои тиббию беморхона, китобхона, бунёди роҳу пулҳо, кашидани хатти барқу об барои маҳаллаву деҳаҳо ва дигар корҳои ободони ба роҳ монда шудааст.  

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.