САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

   Раиси вилоят  Ҳакимзода Қурбон ба сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ташриф овард. Зимни сафари хеш ӯ дар ифтитоҳи иншооти хизматрасонӣ ширкат варзида, аз рафти корҳои саҳроӣ вобаста ба маданияти истифодаи замин, сифати таълим, аз наздик шинос шуда, чанд тан аз собиқадори меҳнат маъюбонро аёдат намуд ва бо фаъолони ноҳия мулоқот анҷом бахшид.

    Ҳакимзода Қурбон – раиси вилояти Хатлон, нахуст, дар деҳаи Мушкрӯди Ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо маданияти истифодабарии замин дар замини назди  ҳавлигии сокини деҳа  Мирзомаҳмадӣ Ёфтаков аз наздик ошноӣ пайдо намуда, бо ин деҳқони асил аз наздик суҳбати самимӣ анҷом бахшида, баҳри таъсиси гармхонаи доимоамалкунанда, бозҳам беҳтар истифодабарии замин тавассути тухмиҳои хушсифат, ҳамкорӣ бо олимони соҳа дастуру тавсияҳои судманд дод. Воқеан, аҳли оилаи ин марди шариф дар 0,20 сотих қитъаи замини назди  ҳавлигиаш ҳар сол дар 4 гармхонаи мавсимӣ ва замини худ парвариши 10 – 12 намуд зироати кишоварзиро ба роҳ монда, дар як сол то 2 – 3   ҳосил бадаст меоварад.  Дар гармхона парвариши помидори навъи тайландии «чери» - ро таҷриба намуд. Ин тухмии памидорро дар   ҳамкорӣ бо ташкилоти Маркази байналмилалии сабзавоткорӣ ба даст овард. Аҳли оила аз сиёсати аграрии Ҳукумати   Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибистиқлолии давлат ва  тинҷию оромии сарзамин ва Пешвои муаззами миллат сипосгузор мебошанд. Раиси вилоят аз интихоби ин навъи памидор, ки дар бозорҳои шаҳри Душанбе харидорони зиёд дорад ба деҳқон арзи сипос намуда, даъват кард, ки тухмии  ин навъро ба дигар деҳқонон дастрас намоянд.

    Чуноне ки Меҳроҷбӣ Ёфтакова қайд намуд истифодаи тухмиҳои хушсифат, шудгори хуб ва киштгардонро омили хуби ба даст овардани   ҳосили баланд арзёбӣ медорад. Ин  аст, ки аз   ҳисоби истифодаи самараноку оқилонаи замин зиндагии худро ба сомон оварда, хонаи нав бунёд карданд ва   ҳамчунин дар таъмини арзонию фаровонии бозор  ҳои истеъмолӣ пайваста   ҳиссагузоранд. Воқеан, дар як сол киштгардон намудану 10 – 12 намуди зироат ба даст овардан боиси омӯзиш мебошад.

   Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Яккатут аз вазъи корҳои саҳроӣ, бахусус, парвариши пахтазор дар кооперативи тиҷоратии «Шоимардон» дидан намуд.  Майдони умумии замини корами хоҷагӣ 31 гектарро фарогир буда, дар 27 гектар пахта, 1 гектар гандум, 2 гектар беда ва 1 гектар макка барои дон кишт карданд. Хоҷагӣ соли 2017   ҳосили 52 сентнерии пахта ба даст оварда буд. Имсол ин нишондодро афзун карданист, зеро нашъунамои пахтазор умедбахш мебошад. Меъёрҳои агротехникӣ,  обу ғизодиҳӣ қатъӣ риоя мегардад иброз доштанд мутахассисон.  

  Дар   ҳамин хоҷагӣ  раиси вилоят бо пирони кору рӯзгор мулоқоти самимӣ анҷом дода, онҳоро даъват намуд, ки сокинони маҳалро ба ободонӣ сафарбар карда,  ҷавонон ва фарзандони худро ба роҳи дурусти   ҳаёт   ҳидоят кунанд. Шукронаи обу хоки Ватан ва Тоҷикистони биҳиштосоро намоянд.

   Дар назди кооперативи тиҷоратии «Шоимардон» намоиши маҳсулоти хоҷагии      қишлоқ асал, олӯи сиёҳ, себ, зардолу, нок, чанд навъи гандум, тарбуз, карам, пиёз ва дигар маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуд. Раиси вилоят аз намоишгоҳ дидан карда, таъкид дошт, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат, фарвонию арзонии бозорҳои истеъмолӣ  ва содирот ба хориҷи  кишвар аз бисёр   ҷиҳат ба меҳнати фидокоронаи деҳқонон зич марбут мебошад. Аз ин рӯ аз ҳар қитъа замин самаранок истифода бурдан ба манфиати кор аст.

      Ҳакимзода Қурбон аз вазъи коргоҳи      қолинбофии дастии «Гулвард» дидан карда, барои дуруст ба роҳ модани ин коргоҳ ба масъулин дастуру  споришҳо дод.  

    Сари ҳарқадам раиси вилоят бо кишоварзон, деҳқонони асил, пирони кору рӯзгор вохӯрда, аз   ҳолу аҳволашон пурсон мешуд ва баҳри беҳбудии рӯзгорашон тавсияҳои манфиатбахш медод.   Ҳамчунин дар Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони   Ҷомӣ аз коргоҳи дигари дӯзандагӣ дидан карда, барои шароити муътадили корӣ фароҳам овардан ба занону духтарони шаҳрак ба масъулин дастурҳои муфид дод.

   Бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Нусратулло Расулов дар кӯчаи Сомониёни Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмонӣ   Ҷомӣ бо иштироки раиси вилоят Ҳакимзода      Қурбон бинои дуошёнаи Маркази хизматрасонӣ ва нуқтаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мавриди ба  ҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар заминаи ин Маркази хизматрасонӣ сехи дӯзандагӣ, сартарошхона, ошхона, нуқтаҳои савдо фаъолият мекунанд, ки беш аз 30 нафар ҳамватанонро бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин менамоянд. Раиси вилоят дар сехи дӯзандагӣ бо дузанда  ҳоион   ҳамсуҳбат гардида, барои дастгирӣ ва васеъ намудани доираи фаъолияти онҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.

   Амалигардонии чунин иқдомҳо, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи истиқболи арзанда аз 30 – солагии Истиқлолияти давлатии   Ҷумҳурии Тоҷикистон шоёни таҳсин мебошад. Раиси вилоят ба бунёдкорон баҳри хуб ба роҳ мондани сифати кору хизматрасонӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дод.                

   Зимни боздид аз ҳолати собиқ фермаи парандапарварӣ дар деҳаи Нусратулло Махсуми   Ҷамоати деҳоти Иттифоқ раиси вилоят аз вазъи ногувори он изҳори нигаронӣ намуда барои  бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ба фаъолият даровардани он ба масъулин дастуру супоришҳо дод.  

  Сипас,раиси вилоят ба аёдати собиқадори меҳнат истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони   Ҷомӣ Оиша Нурматова рафта аз   ҳолу аҳволи   ӯ, ки муддати 10 соли охир бистарӣ мебошад пурсон гардида, кумаки молӣ ва маводи ғизоӣ дастрасаш намуд. Ин модари меҳрубон аз чунин қадршиносӣ шод гашта, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуд.

   Баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ба роҳ мондани   ҳамкории самарабахши падару модарон бо омӯзгорон дар татбиқи амалии  Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба камол расонидани фарзандони арзандаву сазовори давру замон тақозои   ҳаёт мебошад.  Аз ин нигоҳ раиси вилоят   Ҳакимзода      Қурбон аз рафти таҳсил дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 62, воқеъ дар деҳаи Истиқлоли   Ҷамоати  деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан карда, диққати роҳбарият ва омӯзгорони ин боргоҳи маърифатро ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия   ҷалб кард.

   Бояд зикр намуд, ки муассиса 26 июли соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода      қарор гирифта, аз сеошёна, 32 синфхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона иборат мебошад. 33 нафар муаллимон ба 696 нафар толибилмон сабақ медиҳанд.  

   Дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Иттифоқ раиси вилоят ба аёдати маъби гурӯҳи якум Тошгул Эргашева рафта, бо ин духтараки маъюб ва модари   ӯ   ҳамсуҳбат гардид, аз   ҳолу аҳволашон пурсон шуд туҳфаи молӣ ,бозичаҳои кӯдакона ва маводҳои ғизоӣ кумакашон намуд. Диққати масъулинро ба кумаку дастгирии чунин табақаҳои ниёзманди   ҷомеа   ҷалб намуд.

   Аз вазъи биноҳои кӯҳнаю фарсудашудаи интернати кӯдакони болаёқати   ноҳияи Абдураҳмони   Ҷомӣ, ки дар   ҳолати садамавӣ қарор доранд раиси вилоят дидан карда, баҳри таъмиру азнавсозии биноҳои таълимӣ,   ҷалби лоиҳаҳои маблағгузор, соҳибкорони ватанӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.  

   Дар деҳаи Зарнисори   Ҷамоати деҳоти 50 – солагии Тоҷикистон бошад, бунгоҳи тиббӣ, бо таҷҳизоти замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки он аз се утоқи корӣ иборат буда, дар он чор нафар духтурон ва кормандони техникӣ фаъолият доранд. Сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон, дастгирии ширкати  «Шориқа» - и   ташкилоти байналмилалии Аморати муттаҳидаи Араб буд, ки ин бунгоҳ бунёд ва сифати кору хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардид. Раиси вилоят зимни боздид аз ин бунгоҳ диққати духтурон, роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба солимии аҳли ҷомеа, пешгирии касалиҳои   сирояткунанда   ҷалб намуд.

    Дар   Ҷамоати деҳоти 50 – солагии Тоҷикистон раиси вилоят бо кори имрӯзаи саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»  аз наздик ошноӣ пайдо кард.  Раиси хоҷагӣ деҳқони асил Тоҳир Юлдошев зимни вохӯрӣ бо раиси вилоят аз сиёсати аграрии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастрасии сокинони маҳал ба замин, маданияти истифодабарии замин изҳори шукргузорӣ карда, афзуд, ки тавассути меҳнати фидокорона бо аҳли оила ва саҳмдорон аз 7,5 гектар замин оқилона истифода бурда, рӯзгори худро ба сомон меоранд ва боқимонда   ҳосилро пеш ниҳоди мардум мекунанд. Дар таъмини арзонию фаровонии бозорҳои истеъмолӣ   ҳиссагузорӣ карда, дар як сол аз замин ду – се   ҳосил ба даст медароранд.              

   Дар ин рӯз раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти ба номи Каленин ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюби гурӯҳи якум Давлатхӯҷа Саидхӯҷаев, ки аз соли 1944 то 1950 дар Украина хизмат кардааст ва солҳои баъди  ҷангӣ дар ободии Ватан хизмати босазо кардааст, рафта бо ин муйсафеди 96 сола мулоқоти судманд анҷом дод ва ӯро бо туҳфаҳо қадршиносӣ намуд. Аз чунин қадршиносӣ дар дили чунин мардон шуълаи умед ба зиндагӣ фурӯзон гардида, аз роҳбари оқилу фарзона ва обу хоки Ватан шукргузорӣ намуданд.

  Дар деҳаи Зарнисор раиси вилоят бо сокинони ма  ҳал мулоқоти гарму самимӣ анҷом дода, аз намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии      қишлоқ,  ҳунарҳои мардумӣ ва китобхонаи деҳотӣ дидан намуда, диқкати сокинон, бахусус,  ҷавонону наврасонро ба омӯзиши   ҳунар, илму дониш ва китоб ҷалб намуд.

   Баъди боздид дар толори мақомоти иҷроияи   ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти раёсати раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон натиҷаҳои он ва натиҷаҳои чормоҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Раиси ноҳияи Абдураҳмони   Ҷомӣ Ёқубзод Саид дар назди ҳамагон ахборот дод.  

   Раиси вилоят диққати роҳбарону масъулини ноҳияро ба дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим ҷалб карда, дар назди онҳо баҳри рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.