Дастгирии ниёзмандон дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Балхӣ

 Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар вилояти Хатлон аз тарафи шахсони накукору саховатпеша, соҳибкорони хайрандеш  ва хизматчиёни давлатӣ ба ятимону маъюбон, шахсони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат кумакҳои моддӣ  мерасонанд.

Дар ноҳияи Ҷайҳун низ ин иқдоми нек аз ҷониби соҳибкорону шахсони хайрхоҳ дастгирии ҳамаҷониба ёфт. 

Зимни суҳбат мудири бахши оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷамолиддин Камолзода иброз дошт, ки дар арафаи иди саиди фитр ба маблағи 265700 сомонӣ ба ятимону маъюбон ва оилаҳои ниёзманд кумак расонида шуд. Ҳамчунин баҳри иҷрои дастури Сарвари давлат, соҳибкори маҳаллӣ Абдурашид Маҷидов  175 адад чорвои майда  ва маводи ғизоӣ ба шахсони ниёзманд, ятимону маъюбон кумак намуд.

Аз ҷониби ширкати «Водии Зарин» ба 100 оилаи ниёзманди ноҳияи Ҷайҳун кумаки яквақтаина аз қабили орду равған расонида шуд. Зимни суҳбат сокинони ноҳия Иззатулоев Г, Ҳасанова Гулғунча ва дигарон, ки фарзанди маъюби бистари доштанд аз сиёсати инсондустонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, дуогуи сулҳу суббот, тинҷию аммонии Ватани азизашон ҳастанд. 

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ ба иттилои Акобир Ҳалимзода- мудири бахши оид ба корҳои дини ноҳия  то санаи 4-уми июни соли 2019  1188142 сомонӣ аз ҳисоби шахсони саховатпеша ва соҳибкорон ба камбизоатону ятимон кумак расонида шуд. 

 

 

 

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.