Ҳар, ки хандонад  ятими хастаро

Субҳи  рӯзи  1-уми  июни соли 2019  дар толори  Идораи телевизион  ва  радиои  вилояти Хатлон,  бо дастгирии   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят ва  ташаббуси  Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон  Аксияи «Ҳар,  ки хандонад  ятими хастаро», баргузор шуд.    Бо  мақсади  кӯмаку  дастгирӣ  аз  табақаи эҳтиёҷдошта,  ятимон, кӯдакони  маъюбиятдошта  ва  оилаҳои  ниёзманд шуруъ  аз роҳбарияти  мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии вилоят, шаҳри  Бохтар, ноҳияи  Кӯшониён  ва   ҳамаи сохторҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту  идораҳо,  шахсони  боҳиммату  саховатпеша  ҳозир шуда,  кӯмаки  беғаразонаи худро  ба  ин  қишри  ниёздоштаи  ҷомеа  расониданд.  Ба  сандуқи  хайриявӣ  маблағҳои  пулӣ  ворид  намуда,  бо  ин амали  худ  собит намуданд,   ки дар ҷомеаи соҳибистиқлоли  мо  ба  таълиму тарбияи кӯдакон, дастгирии  ятимон, шахсони  маъюбиятдошта   таваҷҷуҳи  махсус   зоҳир мегардад.  Бахусус  Президенти мамлакат, асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бо  мақсади  дастгирии маъюбон, ятимони  кул  ва  дастгирии қишри  ниёзманди  ҷомеа  пайваста  дастур  медиҳанд ва  худ бо иқдомҳои  неку   халқпарваронаро  сомон дода, намунаи ибрати ҳамагонанд.  Дар партави дастуру  ҳидоятҳои  халқпарваронаи  Пешвои  муаззами  миллат  роҳандозӣ  гаштани Аксияи «Ҳар, ки хандонад  ятими хастаро»   бори  дигар   собит  намуд,  ки  миллати  тамаддунофари  мо  ҳамеша  дастгирӣ  аз  қишри  ниёзманд  мекунад.

Раиси вилоят муҳтарам Қурбон  Ҳакимзода  зимни  ташрифашон  дар  ин  чорабинӣ  суханронӣ  намуда, оид  ба  дастгирӣ, ғамхориҳои  рӯзафзуни  Роҳбарияти ҳукумату  давлат, бахусус  Пешвои  муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуданд  ва  ин  ташаббусро  бамавриду  саривақтӣ  шумурда, аз ҳамагон даъват  ба амал оварданд,  ки ҳамеша пуштибонӣ  аз қишри  ниёзманди  ҷомеа  намоянд. Дар идомаи  суханронӣ  ҳамаи кӯдаконро  бо  Рӯзи  байналмилалии муҳофизати кӯдакон  табрик  гуфта, барояшон осмони  соф, сулҳу  амонӣ  ва  беҳтарин давраҳои  кӯдакиву  наврасиро  таманно  намуд.

        Дар  ин  рӯз  чуноне  гуфтем,  ташкилоту  муассисаҳо, корхонаву  идораҳо, мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ ҳама  дастҷамъона  дар чорабинӣ  ширкат варзиданд  ва  кӯмаку  дастгирии  худро  аз  ятимон, кӯдакони  маъюбиятдошта  дареғ надошта, маблағҳои  пулӣ  ба  сандуқи  хайриявӣ   ворид  намуданд.

        Ёдовар шудан ба мавридаст, ки ҷараёни чорабинии  мазкур мустақиман  тариқи  телевизион  пешниҳоди бинандагон  карда  шуд, ки шаҳрвандони шаҳри Бохтар аз ин чорабини огоҳи ёфта барои саҳм гузоштан рӯ ба сӯи Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ниҳоданд.  

  

 

 

 

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.