15-МАЙ РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА

    Имрӯз дар Кохи Ватан-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон чорабинии бошӯкуҳ бахшида ба Рӯзи оила бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон М. Хидирзода баргузор гардид.

    Дар чорабинии мазкур оилаҳои намунавӣ, ботаҷриба ва рӯзгордида, фаъолзанон ва ҷавондухтарон даъват шуданд. Дар авали чорабини муовини раиси вилоят ба сухани табрики баромада оиди оилаву оиладорӣ ва тарбияи фарзанд суханҳои саривақти ва ба маврид баён намуда, гуташуд, ки оила аз зану шавҳари ҷавон иҷрои вазифаҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, эстетикӣ, иқтисодию маишӣ, ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сабру тоқат, андеша, мулоҳиза, ҳурмату эҳтироми якдигар ва хешу табор, рафту омади оилавӣ, тарбияи фарзандон ва ғайраро низ талаб  мекунад. Пас аз издивоҷ бояд бо тамоми масъулият бикӯшид, то ки дар рӯзгор покию садоқат ва меҳру муҳаббат пойдор бошанд.

     Ғурури беасос, сухани беандеша ва рафтори зишт боиси нохушӣ, ранҷиш ва сардии муҳаббат хоҳад шуд. Аз ин рӯ, ба зану шавҳар лозим аст ки ҳини беморию хастагӣ нисбати якдигар меҳрубон бошанд ва ҳаргиз дар назди хешу табор ва ёру рафиқ ба таҳқиру паст задани шахсияти якдигар роҳ надиҳанд.

      Сипас, дар фарҷоми суханрони ба як қатор оилаҳои пуртаҷриба, ки солиёни дароз бо ҳам зиндгии шодиёна ба сар бурдаанд ва оилаҳои ҷавон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. 

        Дар охир барномаи консертии омоданамудаи фарҳангчиёни вилоят бахшида ба Рузи оила пешкаши иштирокдорон гардид.

DSC_0310.JPGDSC_0376.JPGDSC_0289.JPGDSC_0284.JPG

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.