ОИЛА – ТАШКИЛИ ОН РОБИТАИ ҶИНСИИ БАЙНИ МАРДУ ЗАН

   Имрӯз бо ташабуси раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи оила семинар – машварат дар мавзӯи «Оила ва омилҳои ташаккули таҳкими он» баргузор гардид.

   Дар семинар-машварат намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудирони шуъба ва бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои вилоят, омӯзгорон, донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав ва намояндагони ахбори омма иштирок доштанд.

   Семинар - машваратро сардори раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон кушода зикр намуд ки, оила  ин муҳити  ҳамзистии ҷинсӣ,  ахлоқӣ ва иқтисодии зану  мард  аст, ки   мақсадаш   идомаи  насл,  қаноати  талаботи   биологӣ   ва  баёни  эҳсоси    муҳаббат  мебошад.

   Инсон  ба  ҳайси    мавҷуди   зиндаю   оқил  дорои  ду  хусусият   ё ду табиати  биологи ва иҷтимоӣ аст. Онҳо ба сифати   зодаи   табиат,  мисли ҳайвон табиатан  дорои  шаклу  узв  ва  қобилиятњои  хос  буда,  тибқи  қонунҳои биологӣ,  физиологӣ ва  равони  ҷисман  ва  руҳан  инкишоф меёбанд. Аз ҷумла узву талаботи ҷинсии инсон ҷузъи табиат буда, ташаккулу  инкишофи  он тибқи  қонунҳои   биологӣ    сурат мегиранд.  Вайрон намудани қонуниятҳои  биологӣ,  физиологӣ    равони  боиси  аз байн бурдани  рушду камоли  инсон  мешавад.  Муҳимтарин  хусусияти  мавҷудоти  зинда  ин  аст,  ки    ба хотири тавлид,  идома додани насл пайваста  ҷуфт-ҷуфт  зиндагї  мекунанд.  Тафовути инсон  аз  ҳайвон  ин  аст, ки  ӯ  дорои ақл  буда,  тавассути  он хешро  мешиносад, ба моҳияти  чизҳо  сарфаҳм  меравад.  Ҳамчунин  вай  дорои  нутқ,  қобили   меҳнат  ва фаъолияти  эљоди   мебошад. Инсонро сирф   ба василаи  ҳамин  фазилатҳо  дорои  олами  маънавӣ- дини,  ахлоқ,  ҳуқуқ,  сиёсат,  илм,  фарҳанг  ва  иқтисод  шудааст.  Олами маънавии   инсон  таҳти таъсири муносибати иҷтимои ва кору робитаҳои иқтисодиаш такмилу инкишоф меёбад. Тифле, ки тасодуфан дар ҷангал калон шудааст, агар чи дорои сурати одами, узви фикр, мағзи сар ва узви нутқ-забон аст, боз ҳам ақлу хирад ва шуураш ташккулу инкишоф наёфта мебошад.  Ба ӯ дину ахлоқ ва ҳунару илм ҳам зарур нестанд, чунки шароиту талаботи иҷтимоию иқтисоди ва меҳнатию робитаҳои заруриро доро намебошад. Робитаи  ҷинси ва ҷуфтшавии зану мард маҳс туфайли шуур ва тибқи меъёрҳои динӣ, ахлоқи ва мадани сурат мегиранд. Онҳо нафақат талаботи биологии инсонро қонеъ мегардонанд, балки дорои вазифаҳои иҷтимоӣ-ахлоқӣ,  динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодї ва ғайра низ мебошанд.

   Аз ин ру, аз ҳар узви ҷомеа-писару духтар ва падару модар талаб карда мешавад, ки меъёрҳои динӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқиро риоя намоянд. Агар касе меъёру талабот ахлоқию ҳуқуқиро хароб мекунад, боиси мазаммати ҷомеа ва давлат хоҳад шуд.

  Оила нафаќат  яке аз шаклҳои умумияти таърихии робитаи зану мард ба хотири тавлиду идомаи насл аст, балки восита ва заминаи тарбияи ҷисмию маънавии инсон низ мебошад. Вай муҳитест, ки дар он забону тафаккур, шавқу завқ, ахлоқ ва қобилияту истеъдоди инсон ташаккул меёбад. Оила муҳити расму оин, анъана ва урфу одати миллӣ мебошад. Аз ин ру, оиларо метавон ба тариқи зайл муаррифӣ кард: Оила  низоми басо мураккаби биологию иҷтимоии дорои вазифа, қоида ва талаботи хос буда, унсурҳои асосиаш  падару модар ва фарзандон низ дар он мавқеъ, вазифа ва нуфузи  махсус доранд.

  Аз нигоҳи ҷамъиятшиносӣ оила шакли ибтидоию устувори умумияти таърихии одамон, муносибати марду зан, падару модар ва фарзандон мебошад. Чунин шакли умумияти одамон аз давраҳои таърихӣ, муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъият шаклу дараҷаи фарҳангиашро таѓйир додааст. Рушди савод, иштироки фаъолонаи занҳо дар ҳаёти иқтисоди, сиёси, ва мадании ҷамъият, боло рафтани савияи фарҳангиву мадани, интишори донишҳои тиббӣ, санитари, сиёси ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии зан боиси тақвияти пояҳои оила гардид.

         Оила ин маскани тавлид, тарбия  ва нашъунамои насли башар аст. Волидайн чун кулол тифли навзодро бо захмату ранҷи бисёр соҳиби сурату сирати зебо мекунанд. Бо орзуву умеди нек тифлро парвариш ва тарбия менамоянд. Аммо фарзанди инсон аз рузи соҳиби ақлу хирад шуданаш орзуву умед, ҳавасу шавқи ба худ хос пайдо мекунад. Бинобар он истеъдоду шавқу ҳаваси фарзанд на ҳамеша бо хоҳишу завқи падару модар мутобиқат мекунад, ҳатто баъзан мухолиф ҳам қарор мегирад. Ин хусусиятро ба инобат гирифта, волидайн бояд ба фарзандон имконияти интихоби соҳа, касбу ҳунар, илму маърифати ба онҳо маъқул, мутобиқи завқу шавқашонро диҳанд. Шароит ва имконияти худомӯзӣ, машқ ва  ғайраро муҳайё намоянд, то ин ки ҳар як писар ё духтар худаш саъю кушиш намояд.   Аз ин назар ҳар як фард бояд барои ба мақсаду орзуи худ расидан ҷидду ҷаҳд намояд, ба замми мактаб касбу ҳунари дустдоштаашро мустақилона омўзаду такмил диҳад.   Худомӯзи, худтарбиякуни, воситаи беҳтарини камолоту инкишофи шахс буда, ба ҳар фард имкон фаро меорад, ки ба орзуву ҳавас ва коми дили хеш бирасад. Фақат шахсе ба қуллаҳои баланди илму маданият, санъату техника расида метавонад, ки ӯ худ дар роҳи он кӯшад ва фидокор бошад.   

DSC_0188.JPGDSC_0198.JPGDSC_0231.JPGDSC_0216.JPGDSC_0264.JPGDSC_0271.JPG

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.