ВАЗИРИ КИШОВАРЗИИ РОССИЯ БА ХАТЛОН МЕОЯД

    16 майи  соли 2019 сафари кории вазири кишоварзии  Федератсияи  Россия  Патрушев Дмитрий Николаевич ба вилояти Хатлон ва дидору мулоқоти ӯ бо роҳбарияти вилоят дар назар аст.

   Қарор аст, ки ҷонибҳо доир ба  густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди маҳсулот ва дигар масъалаҳои меҳварӣ табодули назар кунанд.

   Дар доираи ин сафар вазири кишоварзии  Федератсияи  Россия  аз гармхонаҳои мавсимӣ, боғҳои меваҳои гуногун, майдонҳои кишти сабзавот ва полезӣ, гармхонаҳои лимӯпарварӣ дар ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини  Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон  боздид хоҳад кард.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.