ҲАДАФ: ЗАХИРАИ  ХӮРОКИ  ЧОРВО

  Боду ҳавои мусоиди имсола баҳри нашъунамои зироатҳои кишоварз заминаи боэътимод гузошт. Зеро дар тамоми талу теппа ва мавзеҳои кӯҳистон алафҳои худруй хуб сабзиш ёфтаанд.Чорводорони хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамарӯза ба ҷамъоварии хуроки чорво машғуланд. Аз рузҳои мусоид истифода бурда дар минтақаҳои вилояти Хатлон тавассути техникаҳои кишоварзӣ ва таҷҳизотҳои дастӣ ҷамъоварии хошоки дурушт вусъати тоза пайдо намудааст.  

  Тавре ки масъулини хоҷагиҳои чорводор иттило доданд, имсол дар ноҳияи Данғара беш аз 100 ҳазор тона хӯроки чорво ҷамъоварӣ карда мешавад. Мутахассиси соҳаи кишоварзии ноҳия Орзу Неъматов зимни суҳбат қайд намуд, ки имсол ҷамъоварии хӯроки чорво аз ҳисоби алафҳои серғизои худрӯй нисбати солиёни пеш барвақтар оғоз гардидааст. 

  Айни замон коргарон бо техникаҳои алафдарав ба саҳро баромада, машғули кор мебошанд, то ин ки ҳарчӣ зудтар дурнамои хӯроки чорворо беталаф таъмин намоянд. Хоҷагидорон алакай  алафҳои сершираро аз майдони садҳо гектар замин ҷамъоварӣ кардаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки бо сабаби гарм омадани иқлим соли гузашта дар даштҳо алафҳои табии наруста буданд ва аз сабаби набудани ғизо қисме аз саршумори чорвои хоҷагиҳо талаф ёфта буд. Аз ин рӯ хоҷагидорон аз имкониятҳои мусоид истифода бурда, мақсад доранд, ки ҷамъоварии алафҳои табииро ҳамарӯза ба тариқи ҳашар ба роҳ монда, хурокаи дусолаи чорворо захира намоянд. То ин ки фасли зимистони пешомадаро бе ягон талафоти чорво гузаронанд.

  Ҳамчуни соли равон хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Данғара дар майдони беш аз 24 ҳазор гектар кишти ғаладонагиҳоро ба роҳ мондаанд, ки нашъунамои хуб дорад. Деҳконон ният доранд, ки имсол зиёда аз 100 ҳазор тона ҳосили ғаладона ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳисаи муносиб гузоранд.

  Ёдовар мешавем, ки 12 майи соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии хошоки дурушти чорво аз  хоҷагиҳои чорводории  ноҳияҳои Панҷу Данғара дидан намуда, баҳри пешрафти корҳои саҳроӣ, ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона ва захираи бештари хӯроки чорво ба хоҷагидорну чорвопарварон маслиҳатҳои муфид доданд.  

 

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.