ВОСЕЪ: СЕМИНАР – МАШВАРАТ ОИД БА ЗИДДИ СЎХТОР

    Рӯзи 11 майи соли равон дар мавзеъи Баҳористони (собиқ Олимтой) ноҳияи Восеъ бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон семинар-машварати саҳроӣ зери унвони «Ситоди амалиёти зидди сӯхтор-2019» оид ба таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор дар мавсими ҷамъоварии зироатҳои ғалладона ва захираи хӯроки дурушти чорво дар миқёси Хатлон, гузаронида шуд.

  Пеш аз оғози семинар намоиши таҷҳизоти муосир оид ба бартарафкунии сӯхтор баргузор шуд. Сипас, бо сухани ифтитоҳӣ сардори РХДО вилояти Хатлон С. Султонзода доир ба баргузории семинар сухан карда, маърӯзакунандагонро шинос намуд.

    Сипас, Б. Иброҳимзода - сардори СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хизмати дохилӣ ба сухан баромада, доир   ба баргузории чорабинии имруза ва таъмини бехатари аз сӯхтор дар давраи ғунучини зироатҳои ғалладонагӣ ва тайёр кардани хӯроки дурушти чорво маърӯза кард. Аз ҷумла қайд намуд, ки имрӯз масъалаи таъмини бехатарии озуқаворӣ махсусун зироати ғалладонагӣ дар тавваҷуҳи Сарвари мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар тамоми чорабиниҳои сиёсиву дигар ҷамъомадҳо дар ин бора супориш ва дастурҳои нав ба нав медиҳанд. Моро зарур аст, ки барои амнияти мардум ва бехатарии ранҷи деҳқон ҳамеша дар омодабош қарор дошта бошем. Зеро масъулияти ин корҳо ба уҳдаи мо аст.

     Қобили зикр аст, ки дар семинари мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умедхоҷа доир ба иҷроиши Қарори раиси вилояти Хатлон таҳти рақами №127 аз 03 майи соли 2019 дар бораи «Қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор» меъёр ва талаботҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар мавсими ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ ва захираи хӯроки дурушти чорво сухан кард. Бояд зикр намуд, ки дар семинари мазкур раиси ноҳияи Восеъ – Мусо Ғафурзода иштирок дошт ва доир ба баргузории чорабинии мазкур дар мавзеи Баҳористони ноҳия изҳори хушнудӣ кард ва меҳмононро хайрамақдам гуфт. Баъдан, тибқи барнома музокирот бо иштирокчиёни семинар гузаронида шуд. Баъди гузаронидани музокирот машқ ва амалиёти тактикӣ аз тарафи кормандони хадамотҳои сӯхторхомӯшкунии минтақавӣ бо ҷалби аъзоёни дастаҳои ихтиёрӣ аз байни аҳолӣ дар майдони зироати хошоки чорво гузаронида шуд.

   Дар рафти баргузории амалиёт Иброҳимзода Б. аз ронандагони воситаи нақлиёти гандумдарав, тракторҳои борбар ва шудгоркунанда доир ба қоидаҳои пешгирии сӯхтор ва амалиёти зидди сӯхтор пурсон шуда, ба онҳо тавсияҳои муфид дод.

   Сипас, Б.Иброҳимзода ба масъулони хадамотҳои сӯхторхомӯшкунии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб доир ба ташкил кардани ситодҳо дар ноҳияҳо ва корҳои шабонарӯзӣ бурдан дар ин бобат супоришҳо дода, доир ба иҷроиши онҳо муваффақият хост.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.