Баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

    Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки рӯзи 11 майи соли 2019 дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст”, машқҳои пагоҳирӯзӣ дар назди 30 майдонҳо, гулгашту хиёбонҳои 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят бо давомнокии аз 20 то 30 дақиқа баргузор карда шуданд.

   Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар умум 6850 нафар шаҳрвандон, аз ин шумора 2470 нафар бонувони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

   Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон минбаъд низ баҳри рушд ва оммавияти варзиш тадбирҳо андешида, корҳои амалиро ба сомон мерасонад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.