ҚОНУНИ ТАНЗИМ – РАҲОИИ МАРДУМИ КИШВАР АЗ ХУРОФОТ ВА РАВАНДИ БЕГОНАПАРАСТӢ

   Кӯлоб. Барои густариш додани ҳамкориҳо ва бештар кардани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати огоҳи пайдо кардани ҷомеа аз ҳадаф ва мақсадҳои созандаи ҲХДТ кормадони масъули ҳизбӣ дар шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоту муассисаҳо нишасту мулоқотҳоро баргузор намуда истодаанд.

Бо дарки ин масъулият дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сарёзидашт” маҷлис доир карда шуд.

  Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сарёзидашт” Пираков Парвиз иштирок ва суханронӣ намуданд.

   Зимни суҳбат Орзу Ҳамидиён баромад намуда, изҳор кард, ки аз наҳси ҷанги таҳмилӣ дар солҳои аввали саҳибистиқлолӣ дар баробари аз миён рафтани суботи сиёсӣ низоми иҷтимоӣ низ ба тадриҷ аз даст рафта, дар ин замина дар пайи пайдоиши ақидаҳои барои ба вуҷуд омадани расму оинҳои бегона, ифроту тафрит ва раванди бегонапарастӣ ба таври ноайён замина фароҳам оварда шуд. Хушбахтона, соли 2007 ба хотири ба низом даровардани муҳити иҷтимоиву маънавии кишвар ва аз байн бурдани раванди бегонапарастӣ бо дархосту пешниҳодҳои сокинон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.

  Ҳамзамон, Пираков Парвиз дар баромади хеш чунин қайд дошт, ки қонуни танзим, хусусан ба оилаҳои мотамзада, ки харҷи маросими он як мотами бузургу дигаре мансуб меёфт, қонунин мазкур ёриву мададе гашт барои осудани шахсони азодор аз бори вазнини иқтисодӣ. Аз рӯи эҳтиром ва риояи ҳатмии он қарзи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.