ИДОМА​​​​​​​И ВОХӮРИҲОИ САМАРАБАХШ

   Бо мақсади ба сокинон расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбату вохӯриҳо гузаронида истодаанд.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “А. Ҷомӣ” бо аъзову ҷонибдорони ҳизб ва сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
  Зимни вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “А. Ҷомӣ” Миралиев Сафаралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
  Нахуст, қайд карда шуд, ки дар мулоқот Пешвои миллат ҳамчун роҳбари дилсӯзу ғамхор ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро таҳлилу баррасӣ намуда, барои раҳоӣ ёфтан аз ҳамаи он мушкилоту буҳронҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, дастуру ҳидоятҳои созанда додаанд.

  Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ корманди масъули ҳизбӣ андешаронӣ намуда, ҳамзамон доир ба ин масъала иштирокдорон саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.