Ба ятимону оилаҳои камбизоат дар ноҳияи Ёвон кумакҳои яквақтаина расонида шуд.

   Имрӯз раиси вилояти Хатлон Курбон  Ҳакимзода ба ноҳияи Ёвон  сафар намуда, бо рузгори иштирокчии Ҷангӣ Бузурги Ватанӣ Раҳмат Қаландаров аз наздик  шиносои пайдо намуд. Раҳмат Қаландаров  дар муҳорибаҳои Ҷангӣ Бузурги Ватанӣ  ширкат варзидааст. У соли 1939 ба  хизмати ҳарби даъват шуда, дар ҷанги  Финландия  ва сипас  дар  ҷанги дуюми ҷаҳон ширкат варзидааст.  Бо ғалабаи бузург ба  ватан баргашта, дар ободонии Тоҷикистони  азиз саҳми муносиб гузоштааст. Ин  марди қавируҳ 103 сол  дорад. Барои Раҳмат  Қаландаров имрӯз  рӯзи  хотирмон арзёби мешавад, зеро дар рузи мавлудаш раиси вилоят Қурбон  Ҳакимзода  ва раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур  ба  аёдаташ  омадаанд. Ба ин марди  шуҷоъ  аз ҳисоби раиси вилоят 1500 сомонӣ, аз ҳисоби раиси нохия 1500   ва  аз номи Президенти мамлакат маблағи 5000 сомонӣ ҳамчун  рамзи эҳтиром тақдим карда шуд. Ин  марди барнодил умри бобаракат дида, соҳиби 136 набераву абера аст.  Раиси вилоят бо Раҳмат Қаландаров суҳбати гарму  самими орост.  

     Дар ин руз ҳамчунин Раиси вилоят аз  ҷараёни  корҳои  сохтмони дар иншооти ҷашни дидан намуд. Зимни боздид дар ҷамоати деҳоти  Даҳана  бо рафти корҳои  сохтмонии маҷмааи хизматрасони шинос шуд. Иншооти мазкур  аз  ҷониби сокини маҳал,- Назар Алиев бо харҷи  150  ҳазор сомони бунёд мегардад. Дар ин марказ 10  нафар  сокинони маҳал соҳиби ҷои корӣ доими мешаванд. Тибқи лоиҳа дар ин марказ ҳамом, чойхона, варзишгоҳ,  сартарошхона, нуқтаи шустушуи мошинҳо  мавриди истифода  қарор дода мешавад. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар шафъати  ин маҷмаа 30  адад нуқтаҳои  хизматрасони ба  истифода  дода мешавад. Дар кучаи ба  номи Абдураҳмони Ҷомии маркази  ноҳия, бо ширкати раиси вилоят санги  асос  ба  бунёди  бинои 9 –ошёна   гузошта  шуд. Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи арзандаи 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии кишвар пешбини гардида,  аз  ҷониби  соҳибкори маҳал  Мухторхуҷа Қориев  бунёд  мегардад. Маблағи  сохтмони  бинои  мазкур аз руи маълумоти соҳибкор панҷуним миллион сомони буда, бино  аз 88  ҳуҷраи истиқоматии якҳучрагӣ ва  духуҷрагӣ иборат аст.  Дар  шафати бино нуқтахои  хизматрасони пешбини гардидааст.

  Дар ноҳияи Ёвон ҳамчунин дар вазъияти тантанави бинои хизматрасонии Амонатбонк ба фаъолият  оғоз намуд. Дар рафти ифтитоҳи  бинои  амонатбонк раиси вилоят Курбон Ҳакимзода, прокурори вилоят Маҳмудзода Насрулло, сардори сарраёсати бонки амонатбонгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Икроми ширкат доштанд.  Тибқи иттилои масъулин дар ин бино    беш  аз  30  нафар  сохиби  ҷои кори доими  шудаанд.  Илова  ба  ин боз 10  марказҳои хизматрасони дар    ҳудуди ҷамоатҳои  деҳоти   ноҳияи Ёвон ба  фаъолият оғоз  хоханд кард. Мирзода Рокия корманди  бонки мазкур изҳор дошт,  ки айни  замон  18  нафар бонувон дар ин бонк фаъолият доранд. Раиси вилоят  бо соҳибкорон  ва  сохтмончиён  суҳбати самими дошт.  Бо пуштибони  аз дастуру ҳидоятҳои инсондустонаи  Президенти мамлакат соҳибкорони  ноҳия амалҳои савобҷуёнаро сомон мебахшанд. Дар радифи бунёди даххо иншооти хурду бузург ҳамчунин соҳибкорони  ноҳия ба ятимону  оилаҳои  ниёздошта кумакҳои беғаразона  мерасонанд. Чунончи дар ин руз низ соҳибкори маҳали Баҳриддин Ҷурахонов  ба 50  нафар ятимони  кул  1500 сомониги  ва  ба 700  оилаҳои   камбизоат ба  маблағи 500 сомониги  кумаки  моли расонида, барояшон хони идона орост. Раиси вилоят  аз  ин иқдоми соҳибкорон  изҳори  хушнуди  намуда, аз кудакон  даъват ба амал овард,  ки   бо баҳои  хубу аъло хонанд ва дар ободии меҳан саҳмгузор бошанд. Илова  ба ин ғамхориву дастгириҳо ҳамчунин барномаи ҷолиби  консерти пешкаш  карда  шуд.

  Дар ноҳияи Ёвон ҳамчунин бинои  чорошёна аз тарафи соҳибкор Гадоев Исматулло бунёд ёфта истодааст. Бинои мазкур аз чорошёна иборат мебошад.

Тазаккур бояд дод, ки дар бинои мазкур нуқтаи шустушуи нақлиёт, мағоза, чойхонаи миллӣ, толори варзишӣ ва утоқҳои корӣ  ҷараён дошта, маблағи сохтмони бино 1,4 миллион сомониро дар бар гирифта, баъди ба анҷом расидани бинои мазкур 24 нафар бо ҷои корӣ доими таъмин мегарданд. Раиси вилоят аз ин иншооти ҷашни низ дидан намуда, ба сохтмончиён дар идомаи корҳои ободониву  созандагӣ муваффақият таманно намуд.

20190509_114305.jpg20190509_115351.jpgDSC_0820.JPGDSC_0636.JPG20190509_113653.jpgDSC_0610.JPG

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.