Таҷлили 74 – умин солгарди ғалба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 дар маркази вилоят шаҳри Бохтар

9 майи соли ҷорӣ дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фаъолони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва  шаҳри Бохтар ҷамъ омаданд. Ҳар кадоме гулчамбарҳо дар даст ҳаркат ба самти боғи фарҳангӣ– фароғатии ба номи Раҳмон Мурчаеви шаҳри Бохтар намуда, шукрона аз он менамуданд, ки бо далерию шуҷоатмандии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрӯзҳо зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тинҷию оромӣ, осоиштагии кишвар умр ба сар мебарем.

 Шукрона аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳурӣ намуда, бо роҳпаймоӣ дар назди ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 –и боғи фарҳангии фароғатии ба номи Раҳмон Мурчаеви шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, муовинони раиси вилоят, раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим, муовинон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрию вилоятӣ гулгузорӣ намуданд. Раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон ба сухан баромада қайд дошт, ки рӯзи 9 – уми май ба пирӯзии бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  74 сол пур шуд. Ҷанги дуюми  ҷаҳон дар таърихи инсоният аз ҷумлаи фоҷеабартарин ҷангҳо ба ҳисоб рафта, оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанӯз дар ҷисму қалбҳои одамон ва хонадони мардумони гуногуни олам аз ҷумла халқи тоҷик эҳсос карда мешавад. Дар он солҳои мудҳиш   аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳонро хатари маҳрумият аз озодиву истиқлолият таҳдид мекард. Дар натиҷаи муборизаи қотеонаи халқҳо оташи ҷанги даҳшатнок хомӯш ва  озодии мардумони сайёра таъмин карда шуд.

 Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ҷанг Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳо ва фарзандони далеру шуҷои худро ба майдони набард сафарбар намуд. Беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар ин набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст. Дар кишвари мо кам хонадонеро пайдо кардан мумкин аст, ки доғи ин ҷанги хонумонсӯзи даҳшатнокро дар пайкари худ эҳсос накарда бошад. Барои мардонагӣ ва ҷасорат дар мубориза бар муқобили фашизм дар майдони ҷанг беш аз 55 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуданд. Ин фарзандони шуҷои ватан дар озод кардани як қатор шаҳрҳо аз муҳосира мардонагӣ нишон додаанд.

Ноил шудан ба ғалабаи бузург натиҷаи муборизаи дастаҷамъонаи халқҳо ва намунаи набарди озодихоҳонаи халқу миллатҳои гуногун барои ҳимояи ватан мебошад. Ин санаи фархунда то имрӯз бештар бо номи ҷашни зафар машҳур гардида, бо гузашти солҳо аҳамияту арзиши он дар байни мардуми олам афзуда  истодааст. Маҳз дӯстиву рафоқат миёни намояндагони халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буд, ки ғалаба ба даст омад. Баъди дақиқаи хомӯши ба хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисмати тантанавии фарҳангӣ доир гардид.                     

  Сипас раиси вилоят, раиси шаҳр,муовинон ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ сокини маҳаллаи Ваҳдат- 2- и шаҳри Бохтар Зайнулло Алиев, Откин Димитрий Александрович  сокини маҳаллаи  Дӯстии халқҳо кучаи Кайҳонавардон рафта бо онҳо суҳбату мулоқот намуда, аз аҳволи онҳо бохабар гардиданд ва туҳфаҳои пулию молӣ тақдим намуданд.

DSC_0053.JPGDSC_0120.JPG

DSC_0354.JPGDSC_0357.JPG

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.