ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНИИ СОЛҲОИ 2019-2020 БАРГУЗОР ГАРДИД

30 апрели соли ҷорӣ дар толори “Кохи Ватан”-и шаҳри Бохтар ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба зимистонгузаронии солҳои 2019-2020 таҳти раёсати раиси ситоди вилоят- муовини раиси вилоят Зоҳирзода Умед баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳо, бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Дар ҷаласа рафти иҷрои қарори раиси вилоят оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» натиҷагирӣ карда шуда ва ҷиҳати омодагӣ ба қарори раиси вилоят аз 19 апрели соли 2019, №111 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» вазифагузорӣ карда шуд.

Дар ҷаласа Зоҳирзода Умед доир ба муҳимияти иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020  ҳарф зада, таъкид намуд, ки новобаста ба пешниҳоди ҳисоботи ҷамъбастӣ оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои зимистонгузаронӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон ва иҷрои бандҳои алоҳидаи нақшаи чорабиниҳо  аз қабили захираи ангиштсанг ва дигар маводи сӯзишворӣ, захираи маҳсулоти кишоварзӣ, хӯроки чорво, таъмиру навсозии иншооти энергетикӣ, иншооти роҳу нақлиёт ва омодасозии иншооти таъйиноти маорифу тандурустӣ ва фарҳангӣ мувофиқ ба талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» бояд дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шавад.

DSC_0848.JPG

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.