ШӮРОИ РУШДИ МАОРИФ ДОИР ГАРДИД

Имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии  раиси Шӯро – муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират бо баррасии масъалаҳои ҷараёни иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 22 июли соли 2014, №151 “Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 дар вилояти Хатлон” дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ; фаъолияти филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти амалигардонии дастури раиси вилояти Хатлон аз 8 августи соли 2017, №7-78 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, №357 “Дар бораи Барномаи рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солиҳои 2018-2022”; ҳолати амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010, №499 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи раҳнамоии касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва вазъи бақайдгирии довталабон барои супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилотти олӣ ва миёнаи касбии дахлдори ҷумҳурӣ барои соли таҳсили 2019-2020 доир гардид.

Дар ҷаласа аъзои Шӯро, муовинони саҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва мудирони кабинети методии раёсату шуъба ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласаи Шӯро аз рӯи масъалаҳои мазкур сардори раёсати маорифи вилоят Исозода Диловар, директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Бохтар Шарипов Маҳмадҷон, сармутахассиси раёсати маорифи вилоят Алимардонов Сафармуҳаммад, директори филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб Намозов Ҷамшед ва сардори бахши маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Халилов Р. гузориш дода, дар баробари пешравиҳо камбудиҳои соҳа аз қабили норасоии кадрҳои забонҳои русӣ ва англисӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят, набудани кабинетҳои лингофонӣ, таъмин нагардидни нақшаи ҷалби омӯзгорон ба такмили ихтисос аз ҳисоби ноҳияи Қубодиён, мавҷуд набудани синфхонаҳои технологияи меҳнат ва фаннӣ, ҷойдоштани хатогиҳои имлоии дар шаҳодатномаву атестатсияи хонандагони муассисаҳои таълимӣ, надоштани шаҳодатномаи тасдиқкунандаи гурӯҳи маъюбии хонандагон, ки мушкили ба бор оварда, боиси қабул нагардидани ҳуҷҷатҳои хонандагон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ мегардад.

Сипас, раиси Шӯро –муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дод.

DSC_0836.JPG

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.