МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ЗЕРИНИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

1. Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон,

2. Мутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон,

3. Ёрдамчии раиси вилояти Хатлон,

4. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон,

5. Мудири бахши робита бо кишварҳои хориҷии Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон,

6. Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон,

7. Мутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб.

 

Талабот нисбати довталабон:

Барои ишғолкунандагони мансабҳои категорияҳои сеюм, чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:

- Мудири шуъба-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё  5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- Мудири Бахш - 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё  5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- Ёрдамчии раиси вилоят -4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- Сармутахассиси шуъба-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- Мутахассиси пешбар-;

- Мутахассис-.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвони раиси вилоят (шакли муқарраршуда):

- варақаи баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона расми андозаи 4х6):

- тарҷумаи ҳол:

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот:

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ:

- маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ:

- нусхаи шиноснома:

- маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ:

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амвол:

- билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд):

- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда):

- маълумотнома (справка-обективка):

- маълумотнома аз ҷои истиқомат:

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН):

- нусхаи қайди ақди никоҳ.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Индекс: 735140 шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи ба номи Н.Ҳувайдуллоев 1 бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ошёнаи 3 утоқи 303-304,

Суроғаи почтаи электронӣ kadrho@khatlon.tj, телефон 2-16-16, факс 2-46-11

Музди моҳонаи хизматчии давлатӣ

Мудири шуъба-1387 сомону 80 дирам;

Мудири бахш ва ёрдамчӣ 1139 сомону 40 дирам;

Сармутахассиси шуъба-1032 сомонӣ;

Мутахассиси пешбар-846 сомонӣ;

Мутахассиси шуъба-696 сомонӣ.

Қабули ҳуҷҷатҳо:

Баъди нашри расмии эълон то 21 рӯз мӯҳлат дорад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.