БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН

Дар театри мусиқӣ – мазҳакавӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонов даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо иштироки муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода ҷамъбаст гардида, 29 нафар иштирокчӣ ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, пайдо намудани беҳтарин намунаи оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад. Озмун дар се давр аз рӯйи номинатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир, ровӣ доир мешавад.

Дар даври аввали озмун санъаткорону ҳаваскорони шаҳри Бохтар ҳунару истеъдоди хешро аз рӯйи номинатсияҳо болозикр нишон дода, Хурсандмуроди Фақир, Зеваршо Ғозиев, Саиднуриддин Исмоилзодда, Амина Гулова дар бахши шоир, Отахон Абдулозода, Марҳабо Муродова, Афсонаи Умар, Ифтихор Пайков, Марҳабо Рамазонзода, Давлатбӣ Юнусова ва ғайра дар бахши ровӣ, Ҳайитбой Юнусов, Абдуалим Маҳмадов бахши оҳангсозӣ, Маҳмадшариф Муродов, Фирӯз Муродов, Хурав Шукуров, Аниса Сабзаева, Азиз Гулов, Султон Хадзиев, Давлатбӣ Азизова, Бахтиёр Ҷураев ва дигарон дар бахшҳои навозиш ва сарояндагӣ ғолибони даври аввал гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Низомнома даври дуюми озмун моҳҳои июн -июл дар маркази вилояти Хатлон ва даври сеюми он то 16 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуда, ғолибон бо ҷоиза ва Диплом сарфароз гардонида мешаванд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.