СИТОДИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ БО ИШТИРОКИ РАҶАБОВ РАҶАБАЛӢ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ситоди Комиссияи даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Комиссияи даъвати вилоятӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ва комиссари ҳарбии вилоят Куганзода Ҳаким баргузор гардид.

Дар рафти маҷлис масъалаҳои марбут ба рафти даъвати баҳорӣ, мушкилӣ ва камбудиҳои ҷойдоштамавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ин самт бо масъулин ҳамкориро ба таври лозимӣ ба роҳ намондаанд, ки ин боиси кашолакории рафти давъват гардидааст.

Ба масъулин оид ба иҷрои нақшаи даъват дар муҳлати муайянгардида супориш дода шуда, аз фаъолон ва шахсони обрӯманди маҳал, аз ҷумла раисони маҳалла ва имомхатибон барои ҳамкорӣ ва мусоидат даъват карда шуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.