ҶАМЪБАСТИ РӮЗИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ

Рӯзҳои 26-27-апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявии ҳайати олимону профессорон ва донишҷӯёни донишгоҳ оид ба ҷамъбасти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соли 2018 бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида шуд.

Тибқи барнома, дар рӯзи аввал дар ҷаласаи ифтитоҳи конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физика-математика, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Абдулло Ҳабибулло бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, доир ба сиёсати илмпарваронаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷашнҳои дар пешистода сухан кард.

Дар конфронси мазкур маърӯзаи 383 омӯзгорону 389 маърӯзаи магистрантону донишҷӯён, маҷмӯан 772 маърӯза дар 28 бахш баррасӣ гардид. Конфронс ду рӯз давом кард.

Тибқи иттилои Рафиев Сафархон - муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ дар соли равон нисбати соли гузашта 105 маърӯзи илмӣ зиёд шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки айни ҳол дар Донишгоҳи давлати Кӯлоб 28 кафедраи тахассусӣ бо фарогирии 523 омӯзгорон фаъолият мекунад. Аз инҳо 457 нафарашон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд, ки ин ба 87,3% баробар аст ва ин нишондиҳанда нисбати соли гузашта 2% зиёд аст.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.