ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТҲОИ САНОАТӢ БА 1714,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСОНИДА ШУД

Саноаткунонии босуръати кишвар яке аз он масъалаҳои асосие ба ҳисоб меравад, ки Пешвои миллат дар Паём ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда онро ҳадафи чоруми стротегии мамлакат эълон намуд.

Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон дар семоҳи аввали соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноатиро ба 1714,8 миллион сомонӣ расонида, нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 119,8 миллион сомонӣ маҳсулот зиёд истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 афзоиши истеҳсоли орд 3,4 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 3,1 фоиз, равғани растанӣ 6,1 фоиз, гӯшти навъи 1-ум 8,2 фоиз, маҳсулоти ширӣ 45 фоиз, риштаи пахтагӣ 54,1 фоиз, маҳсулоти дӯзандагӣ 89 фоиз, нафт 11 фоиз, маҳсулоти пластикии физилӣ 24 фоиз, семент 9,2 фоиз, регу санги майда 61 фоиз ва транформаторҳо 28 фоизро ташкил дода, маҳсулоти доруворӣ 3 баробар, мусалласи ангур 4 баробар, маҳсулоти макаронӣ баробар 13, мебел 2,3 баробар, қубурҳои пластикӣ 6,5 баробар, гаҷи сангин 3 баробар, хишти бинокорӣ – 4,3 баробар ва бетони сохтмонӣ 16 баробар афзоиш ёфт.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин муддат дар ҳудуди вилоят 20 адад корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 212 ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.