САНҶИШИ МУШТАРАК ОИД БА МАҲСУЛОТҲОИ ПАСТСИФАТ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ дар Паёми имсола ва Роҳбарияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи сиҳатию саломатии аҳолӣ ва пешгирии маҳсулотҳои пастсифати зараровар масъулину мутахассисони Раёсати Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои дар минтақаи Кӯлоб тибқи нақша чорабинӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ санҷиши муштарак гузарониданд.

Дар нуқтаҳои савдо, бозору марказҳои фурӯши маҳсулоти истеъмолшаванда ва коргоҳу корхонаҳои саноатии ноҳия пайваста корҳои санҷишӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Аз Агентии мазкур ба мо иттилоъ доданд, ки зимни гузаронидани санҷиши навбатӣ маводҳои хӯрока, шириниву қаннодиҳо, обҳои ташнашикан, машруботи спиртӣ, ғизоҳои истеъмоли барои кӯдакону наврасон ва дигар намудҳои пастсифату таърихи истеъмолашон гузашта мусодира шуда, ба таври сӯзонидан нест карда шуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.